Зарбаҳое, ки риштаи умри як боксёрро канд...

Зарбаҳое, ки риштаи умри як боксёрро канд...

Асосан риштаи варзиши муҳорибаҳои омехта хатарнок буда, ба саломатии инсон хатари бузург дорад. Риштаи бокс низ яке аз варзишҳои хавфнок ба шумор меравад. Дар ҳамин росто санаи 20-уми июл дар мусобиқаи разми интихобии фарзияи IBF, ки дар шаҳри Оксон Хиллии ИМА баргузор шуд, муштзани рус Максим Дадашев бо Субриэл Матиаси амрикоӣ андари майдони рақобат шуд. Дар ин набард намояндаи Россия - Максим Дадашев аввалин ва охирин бор дар корномаи варзишиаш ба бохт дучор шуд. Баъди анҷом набард ӯ дар мағзи сараш дарди сахтеро эҳсос кард, ки фавран дӯстонаш ӯро ба беморхона интиқол доданд. Табибон кӯшиш ба харҷ доданд, то ки ӯро аз марг наҷот диҳанд, вале аҷал кори худро кард. Ҳамин тавр Максим Дадашев 28 сола дар беморхонаи ИМА дунёи фониро падруд гуфт.

Директори генералии Федератсияи бокси Россия - Умар Кремлев марги Максим Дадашевро чунин шарҳ дод.

- Ӯ аз мо рафт, бале ин хеле аламовар аст. Мо ду соат пеш бо табибон дар ин бора суҳбат доштем. Албатта ин вазъият хеле сангин аст. Ин як доғи сиёҳ аст, ҳатто дар ин бора дигар сухан надорам. Мо ҳама кормандони Федератсияи мазкур ба хулосае омадем, ки оилаи марҳумро парасторӣ кунем. Фикр мекунам, ки мо абадан оила ӯро аз ҷиҳати молиявӣ таъмин мекунем. Максим Дадашев хеле инсони ҷасур ва далер буд. Номи ӯ то абад аз хотираи мо фаромӯш нахоҳад шуд.