Зидан ва Рибери ситоди мураббиёни нави “Бавария” хоҳанд буд

Зидан ва Рибери ситоди мураббиёни нави “Бавария” хоҳанд буд

Зинедин Зидани афсонавӣ метавонад тобистони соли оянда сармураббии нави «Бавария» шавад. Дар ин бора Bild хабар додааст.

Сармураббии собиқи «Реал Мадрид» аллакай бо роҳбарияти «Бавария» тамосҳои аввалия доштааст, аммо дар бораи ягон созишнома сӯҳбат кардан ҳанӯз барвақт аст. Зидан ҳоло ба хулоса ва қарори ниҳоӣ наомадааст.

Гуфта мешавад, ки агар Зидан ба пешниҳоди "Бавария" розӣ шавад, пас афсонаи бошгоҳи Мюнхен Франк Рибери ёвари ӯ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки сармураббии “Байер” –и Леверкузен Хаби Алонсо барои “Бавария” афзалият дорад. Бо вуҷуди ин, испанӣ тасмим гирифт, ки дар мавсими оянда дар тими худ боқӣ бимонад.

Сармураббии ҳозираи дастаи “Бавария” - Томас Тухел пас аз анҷоми мавсим расман бошгоҳро тарк мекунад. 8 давр пеш аз анҷоми мавсими Бундеслига ҳоло бошгоҳи шаҳри Мюнхен дар ҷои дуюм аст ва фарқият аз “Байер” 10 хол аст.

Ёдовар мешавем, ки Зидан аз тобистони соли 2021, вақте ки аз “Реал Мадрид” рафт, бекор буд.