Ҷаласаи пеш аз бозии плей-оффи Ҷоми КФО-2023/24 миёни дастаҳои “Хуҷанд» - “Марв” баргузор гардид

 Ҷаласаи пеш аз бозии плей-оффи Ҷоми КФО-2023/24 миёни дастаҳои “Хуҷанд» - “Марв”  баргузор гардид

Дар остонаи бозии плей-оффи Ҷоми КФО-2023/24 миёни бошгоҳҳои «Хуҷанд» (Тоҷикистон) ва «Марв» (Туркманистон) дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» ҷаласа баргузор гардид.

Дар ҷамъомад комиссар, нозири доварон, афсари амният (секюрити-офитсер)-и КФО, инчунин намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, Федератсияи футболи вилояти Суғд, бошгоҳҳои футболи «Хуҷанд» ва «Марв» иштирок доштанд.

Дар ҷаласа масъалаҳои ташкилӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ранги либоси дастаҳо тасдиқ гардиданд.

Қобили зикр аст, ки бозии плей-оффи Ҷоми КФО-2023/24 дар минтақаи марказӣ байни бошгоҳҳои «Хуҷанд» (Тоҷикистон) ва «Марв» (Туркманистон) пагоҳ, 22 август дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд сурат гирифта, соати 16:00 оғоз мешавад.

Дар сурати мусовӣ анҷом ёфтани вақти асосии бозӣ, ду қисми иловагии иборат аз 15 дақиқагӣ таъйин карда мешавад. Агар ғолиб дар ин вақт ҳам муайян нашавад, бар асоси муқаррароти ФИФА силсилазарбаҳои 11-метра таъйин мегардад.