Ҳайати тими миллии Тоҷикистон барои бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муқобили яккачини Малдив

 Ҳайати тими миллии Тоҷикистон барои бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муқобили яккачини Малдив

Ситоди мураббиёни тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Горан Стеванович ҳайати тими миллии кишварро барои бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2027 муқобили тими Малдив, ки рӯзҳои 9 ва 14 октябр баргузор мешаванд, эълон кард.

Бисту панҷ бозигар ба бозиҳои дарпешистода даъват шудаанд – 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар. Алишер Ҷалилов, Ваҳдат Ҳанонов ва Амадонӣ Камолов ба далели ҷароҳатҳои мухталиф дар моҳи октябр наметавонанд дар ҳайати тими миллии кишвар ҳунарнамоӣ кунанд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон 6 октябр омодагиҳоро ба вохӯриҳо бо Малдив оғоз мекунад.

Бозии даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» миёни Тоҷикистон ва Малдив 9 октябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешавад. Бозӣ соати 18:00 оғоз мешавад.

Ҳайати тими миллии Тоҷикистон барои бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муқобили яккачини Малдив

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Ростов», Россия), Олег Баклов («Туран Товуз», Озарбойҷон), Далер Азизов («Ҳосилот»);

Дифоъгарон: Зоир Ҷурабоев («Суғдиёна», Ӯзбекистон), Раҳматшо Раҳматзода («ПСИМ Йогикарта», Индонезия), Меҳрубон Каримов («Локомотив», Гурҷистон), Аҳтам Назаров, Манучеҳр Сафаров, Табрез Исломов, Содиқҷон Қурбонов (ҳама – «Истиқлол»), Алиҷон Кароматуллозода («Равшан»), Мусо Каҳҳоров («Барқчӣ»);

Ниммуҳофизатгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Мухаммаҷон Раҳимов (ҳама – «Истиқлол»), Алишер Шукуров («Хуҷанд»), Далер Имомназаров («Регар-ТадАЗ»), Эҳсон Бобоев («Вахш»), Азизбек Далиев («Барқчӣ»), Салоҳиддин Иргашев («Равшан»);

 Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Хоразм», Ӯзбекистон), Шервонӣ Мабатшоев («Регар-ТадАЗ»), Рустам Соиров («Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Вахш»).

Сармураббӣ– Горан Стеванович (Сербия).