"Интер" бо Димарко шартномаро то соли 2030 тамдид мекунад

  "Интер" бо Димарко шартномаро то соли 2030 тамдид мекунад

Ҳимоягари бошгоҳи "Интер Милан" Федерико Димарко бо эҳтимолияти шартномаи нави мӯҳлаташ то соли 2030-ро бо тимаш имзо мекунад. Дар ин бора хабарнигор Николо Скира дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод.

Қаблан якчанд бошгоҳҳои Премер-лигаи Англия нисбати ин бозингар таваҷҷӯҳ зоҳир карда буданд, аммо гуфтушунидҳо дар бораи пешниҳодҳои мушаххас натиҷа надоданд. Айни замон, "Интер" ва "Димарко" ба гуфтушунидҳои оиди тамдидкунии шартномаи корӣ идома медиҳанд.

Бозигари 28-сола, ки дар қисмати чапи дифоъ бозӣ мекунад, дастпарвари академияи "Интер" буда,    пас аз иҷора дар бошгоҳҳои "Сйон", "Парма", "Верона" ва "Асколи" ба даста баргашт ва худро ҳамчун бозигари калидии "нерадзурриҳо" нишон дод. ДиМарко ин мавсим 31 бозӣ анҷом, шаш гол ва 13 партофти голӣ дар номаш дорад. Мӯҳлати шартномаи феълии ӯ бо бошгоҳи шаҳри Милан то соли 2027 мебошад. Сомонаи Transfermarkt арзиши ҳимоятгарро 50 миллион евро арзёбӣ мекунад.