"Истиқлол" бар "Соро компания" зафар ёфт ва ҳисобро дар силсила баробар кард

 "Истиқлол" бар  "Соро компания" зафар ёфт ва  ҳисобро дар силсила баробар кард
Дастаҳои «Истиқлол» ва «Соро компания» бозии дуюми хешро дар силсилаи ниҳои Суперлигаи Тоҷикистон-2023 оид ба футзал доир намуданд.

Дидори дастаҳо дар Кохи олимпи шаҳри Душанбе доир гардида ба суди дастаи «Истиқлол» хотима ёфт. Бо ҳамин тартиб дар силсилаи ниҳоии ҳисоби умумӣ 1 бар 1 шуд. 

Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввали силсилаи марҳилаи ниҳоии Суперлигаи Тоҷикистон-2023 оид ба футзал қаҳрамони феълии кишвар бошгоҳи «Соро компания» бо ҳисоби 1 бар 0 муқобили «Истиқлол» пирӯзӣ ба даст оварда буд. Голи ягонаи рақобатро дар дақиқаи 26-уми қисми дуюми вохӯрӣ аз ҳайати тими «Соро компания» - Муҳаммадҷон Шарипов вориди дарвозаи «Истиқлол» намуд.

Лозим ба ёдоварист, ки силсилаи ниҳоии Суперлигаи Тоҷикистон се пирӯзии яке аз дастаҳоро дарбар мегирад. Бозиҳои навбатӣ охири ҳафта доир мешаванд.