“Истиқлол” барои дарвозабонҳояш мураббӣ даъват кард

 “Истиқлол” барои дарвозабонҳояш мураббӣ даъват кард

Ҳайати мураббиёни «Истиқлол» бо мураббии нави дарвозабонҳо – Руслан Аҳмадхонов пурра гардид.

Бошгоҳи футболи «Истиқлол» бо Руслан Аҳмадхонов шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд. Мутахассис барои омада намудани дарвозабонони дастаи асосӣ масъул хоҳад буд. Ӯ дар   Ӯзбекистон дар дастаҳои «Локомотив» (Тошканд), «Сурхон» (Тирмиз) ва «Нефтчӣ» (Фарғона) фаъолият намудааст. Дорои иҷозатномаи мураббигии муҷавизи «А» ва «Левел-2» мебошад.

Ҳамчун дарвозабон дар дастаҳои «Пахтакор», МХСК ва «Навбаҳор» бозӣ кардааст. Се карат чемпиони Ӯзбекистон, ду бор барандаи Ҷом мебошад.

Ба ҳайсии мураббӣ –чемпиони Ӯзбекистон – 3, дорандаи Суперҷом – 2, барандаи Ҷоми Ӯзбекистон – 2.