"Хатлон" номи таърихияшро бармегардонад
Дастаи “Вахш” қадимтарин бошгоҳи футболӣ дар вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад. Он соли 1960 таъсис ёфтааст. Соли 2018 зимни ислоҳоти шакли даста аз “Ташкилоти ҷамъиятӣ” ба “Муассисаи давлатӣ” роҳбарият номи бошгоҳро “Хатлон” гузоштанд.
Бо гузашти 6 сол ба даста номи таърихияш барқарор карда шуд ва рӯзҳои наздик рамзи нави бошгоҳ ба омма муаррифӣ мешавад.