“Хуҷанд” аз “Истиқлол” мағлуб шуда, натавонист ба панҷгонаи аввали Чемпионати Тоҷикистон-2023 шомил шавад

 “Хуҷанд”  аз “Истиқлол” мағлуб шуда, натавонист ба панҷгонаи аввали Чемпионати Тоҷикистон-2023 шомил шавад

Дар бозии даври ҳаждаҳуми Чемпионати Тоҷикистон-2023 дастаҳои «Хуҷанд» ва «Истиқлол» андари майдони рақобат шуданд.

Вохӯрии дастаҳои дар варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” воқеъ дар шаҳри Хуҷанд дар ҳузури 4 200 нафар мухлис баргузор гардида, бо ҳисоби 0 бар 2 ба фоидаи душанбегиҳо анҷом ёфт. Пас аз ин бохт “Хуҷанд” натавонист марҳилаи дуюми лигаи олиро дар панҷгонаи беҳтаринҳо ҷамъбаст намояд.

Голҳоро дар ин бозӣ Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 29-ум ва Эҳсони Панҷшанбе дар дақиқаи 90+5 ба самар расониданд.

Маврид ба зикр аст, ки бозии аввали дастаҳо дар мавсими имсолаи лигаи олӣ дар шаҳри Душанбе бо ҳисоби 4 бар 0 ба фоидаи “Истиқлол” анҷом ёфта буд.