«Манчестер Сити» аз наврасони тоҷик ибрат гирифт

 «Манчестер Сити» аз наврасони тоҷик ибрат гирифт

Ҳафтае қабл дар ҳамин рӯз бошгоҳи “Манчестер Сити” ба таври ҳангомавӣ аз тими “Норвич Сити” бо ҳисоби 3:2 шикаст хурда буд. Бохте, ки “МС”-ро аз рақиби азалиаш тими “Ливерпул” се имтиёз поён кард. Сармураббии “шаҳриҳо” Гвардиолаи таҷрибадор муддати як ҳафта дастаашро чунон омода намуд, ки дигар ба дастаҳои камбаҳо низ раҳм накард. Дар рақобатҳои даври 6-уми ПЛА дастаи “МС” дар хонааш бо тими “Уотфорд” майдондорӣ намуд. Рақобати дастаҳо дар варзишгоҳи «Иттиҳод» баргузор шуда, бо ҳисоби ҳангуфти 8:0 ба нафъи мизбонон хотима ёфт. «Манчестер Сити» айни замон бо касби 13 хол дар зинаи дуюми ҷадвали ПЛА қарор дорад. Ғалабаҳои бузурги наврасони тоҷик намуна шуданд, то ки «Манчестер Сити» рақобаташро бо ҳисоби ҳангуфт анҷом диҳад.

Чемпионати Англия

Премйер-лига

Даври 6-ум

«Манчестер Сити» — «Уотфорд» — 8:0 (5:0)

Голҳо: Силва, 1 (1:0). Агуэро, 7 — пеналти (2:0). Маҳрез, 12 (3:0). Бернарду Силва, 15 (4:0). Отаменди, 18 (5:0). Бернарду Силва, 48 (6:0). Бернарду Силва, 60 (7:0). Де Брейне, 85 (8:0).

«Манчестер Сити»: Эдерсон, Отаменди (Гарсия, 63), Уокер (Жоау Канселу, 54), Менди (Анхелино, 46), Силва, Фернандиню, Де Брёйне, Эрнандес, Агуэро, Маҳрез, Бернарду Силва.

«Уотфорд»: Фостер, Мариаппа, Кико Фемения, Доусон, Холевас, Фулке (Перейра, 33), Капуэ, Клеверли, Дукуре, Хюз (Сарр, 59), Деулофеу (Грэй, 77).