Месси аввалин футболбози ҷаҳон шуд, ки дар шаш Чемпионати ҷаҳон иштирок кардааст

  Месси аввалин футболбози ҷаҳон шуд, ки дар шаш Чемпионати ҷаҳон иштирок кардааст

Ҳамлагари афсонавии мунтахаби Аргентина Лионел Месси боз як дастоварди беназирро дар таърихи футболи ҷаҳон ба номи худ сабт кард. Ӯ аввалин футболбозе гардид, ки дар шаш Чемпионати ҷаҳон иштирок кардааст.

Ин рекорди таърихӣ дар бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Чемпионати ҷаҳон-2026 муқобили мунтахаби Алҷазоир ба қайд гирифта шуд. Месси дар ҳайати асосии Аргентина ба майдон баромад ва ҳамзамон 200-умин бозии худро дар ҳайати тими миллӣ анҷом дод.

Барои ҳамлагари 38-солаи бошгоҳи “Интер Майами” ин аллакай 27-умин бозӣ дар марҳилаҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳон мебошад. Ӯ қаблан дар мусобиқаҳои солҳои 2006, 2010, 2014, 2018 ва 2022 низ иштирок карда буд ва акнун бо ҳузур дар Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 ба ягона бозигаре табдил ёфт, ки дар шаш даври ин мусобиқаи бонуфуз ҳунарнамоӣ кардааст.

Дар ин муддат Месси бо мунтахаби Аргентина ба дастовардҳои бузург ноил шудааст. Ӯ соли 2022 қаҳрамони ҷаҳон гардид, соли 2014 соҳиби медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон шуд ва яке аз муваффақтарин футболбозони таърихи футбол ба шумор меравад.

Қобили зикр аст, ки ҳамлагари мунтахаби Португалия Криштиану Роналду низ метавонад дар Чемпионати ҷаҳон-2026 ин дастоварди Мессиро такрор кунад ва ба рӯйхати футболбозоне ворид шавад, ки дар шаш Чемпионати ҷаҳон иштирок намудаанд.

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати ҷаҳон-2026 аз 11 июн то 19 июл дар се кишвар — Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика баргузор мешавад. Мунтахаби Аргентина ҳамчун қаҳрамони феълии ҷаҳон дар ин мусобиқа ҳунарнамоӣ мекунад.