“МЮ” ҷойгузини Эриксенро аз “Бавария” пайдо кард

 “МЮ” ҷойгузини Эриксенро аз “Бавария” пайдо кард

Бошгоҳи “Манчестер Юнайтед” пас аз осеби нимҳимоятгар Кристиан Эриксен аз дастаи “Бавария” – Марсел Забитсерро то охири мавсим ба иҷора гирифт. Дар ин бора дафтари матбуотии бошгоҳи шаҳри Манчестер   хабар додааст.

Хотиррасон мекунем, ки Забитсер тобистони соли 2021 аз дастаи “Лейптсиг” бо арзиши 15 млн евро ба бошгоҳи “Бавария” гузариш карда буд.  Дар мавсими ҷорӣ нимҳимоятгар дар ҳайати "Бавария" 24 вохӯрӣ гузаронида, як гол ва  як ассист кардааст.

Ёдовар мешавем, ки «Манчестер Юнайтед» дар 20 бозӣ 39 имтиёз ба даст оварда, дар ҷадвали ПЛА  дар ҷои чорум қарор дорад.