Ҳоланд бо 7 гол рекорди нимасраро такрор кард

 Ҳоланд бо 7 гол рекорди нимасраро такрор кард

Ҳамлагари мунтахаби Норвегия Эрлинг Ҳоланд дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 ба як дастоварди таърихӣ ноил гардид. Ба иттилои Opta, ӯ аввалин футболбоз дар давоми 52 соли охир шуд, ки дар аввалин иштироки худ дар Ҷоми ҷаҳон ҳафт гол ба самар расонд.

Ҳамлагари 25-сола дар бозии даври ҳаштякниҳоӣ муқобили мунтахаби Бразилия (2:1) дубл анҷом дод. Ин голҳо шашумин ва ҳафтумин голҳои ӯ дар мусобиқаи имсола буданд. Дар бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ Ҳоланд ба дарвозаи Ироқ ва Сенегал ду голӣ зада, дар марҳилаи 1/16-ниҳоӣ ба дарвозаи Кот-д’Ивуар як гол ба самар расонид.

Ҳоланд бори аввал дар Ҷоми ҷаҳон иштирок мекунад. Охирин футболбозе, ки дар дебюти худ ба чунин натиҷа расида буд, ҳамлагари Лаҳистон Гжегож Лято буд, ки дар Ҷоми ҷаҳонии соли 1974 низ ҳафт гол зада буд.

Рекорди мутлақи шумораи голҳо дар аввалин Ҷоми ҷаҳон то ҳол ба фаронсавӣ Жюст Фонтен тааллуқ дорад. Ӯ соли 1958 дар як мусобиқа 13 гол ба самар расонида буд.

Илова бар ин, Эрлинг Ҳоланд аввалин футболбози аврупоӣ аз замони Кристиан Виери (Италия, соли 1998) гардид, ки дар чор бозии аввали худ дар Ҷоми ҷаҳон пайиҳам гол мезанад.

Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Норвегия дар даври чорякниҳоӣ рӯзи 12 июл бо мунтахаби Англия рақобат мекунад.