"Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон" оғоз шуд

"Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон" оғоз шуд

Имрӯз, дар шаҳри Бохтар маросими кушодашавии марҳилаи сеюми мусобиқаи варзишии футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” байни дастаҳои футболи ғайрикасбии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ташаббуси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида буд, баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳии он раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин, муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.

Дар ин марҳила, ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ иштирок намуда, барои ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтан, байни ҳам мубориза менамоянд. Бозиҳои марҳидаи сеюм дар ду минтақа – Бохтар ва Кӯлоб баргузор мегарданд.

Мақсади асосии мусобиқа ин ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби шаҳрвандони мамлакат ба машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ, ташвиқу тарғиби васеи бозии футбол дар байни аҳолии кишвар, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ, таъмини бевоситаи иҷрои “Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021”, иҷрои “Барномаи махсуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи рушди футбол дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024”, иҷрои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025, таъмини фароғати мадании шаҳрвандон ва муайян намудани беҳтарин дастаҳои футболи ғайрикасбии кишвар мебошад.

Хадамоти матбуотии Федератсияи футболи вилояти Хатлон