Мусобиқаи "Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" оид ба теннис оғоз ёфт
Дирӯз дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи Мусобиқаи байналмилалии теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон оғоз гардид.
Дар мусобиқа 64 варзишгар аз 13 давлат иштирок дорад. Аз ҷумла, варзишгарон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Русия, Ҳиндустон, Эрон, Руминия, Уммон, Кореяи Ҷанубӣ, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Тайланд ва Тоҷикистон байни ҳам рақобат мекунанд.
Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода сухан намуда, ҳамзамон аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои доимии Ҳукумати мамлакат, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ёдовар шуданд.
Иброз гардид, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз рукнҳои арзишмантарин ва муҳимтарини ҷомеа барои тарбияи насли наврас ва инсоният ба ҳисоб меравад. Зеро мақсади асосии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш танҳо иборат аз таҳкими саломатии инсон нест, балки он бо тарбияи меҳнатӣ, ақлӣ, ахлоқӣ ва эстетикӣ низ пайванди ногусастанӣ дошта, муаррифи давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Имрӯз шахсони солиму тавоно, ҷавонони соҳибмаърифати аз лиҳози ҷисмониву руҳӣ обутобёфта ва ғаюру далер, меҳнатдӯст, ватанпарвар ва соҳиби ахлоқи неку шоиста барои ҳар давлати ҷаҳон муҳиму зарурӣ ба шумор мераванд. Зеро ояндаи ҳар миллату давлат аз насли ҷавону умедбахш вобаста аст.
Ҳукумати мамлакат ин нуктаро ба инобат гирифта, варзишро чун яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат эътироф намудааст. Ҳамзамон барои пешрафти он, ҷалби васеи сокинони мамлакат ва бо мақсади оммавияти варзиш, солимгардонӣ ва тарбияи ҷисму руҳи солими мардум тадбирҳои муассирро амалӣ мегардонад.