“Ҳосилот” пешсафи Лигаи олӣ пас аз бозиҳои даври сеюм
Бозиҳои даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расиданд. Дастаи “Ҳосилот” пас аз натоиҷи бозиҳои даври сеюм ба садри ҷадвали мусобиқа баромад.
Бо бозии дастаҳои “Вахш” ва КМВА даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон оғоз шуд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Вахш-Арена”-и шаҳри Бохтар баргузор шуда, бо ҳисоби 1 бар 0 ба суди КМВА хотима ёфт. Ягона голи ғалабаоварро Абдухалил Боронов дар дақиқаи 43-юм аз зарбаи пеналти ба самар расонид. Барои КМВА ин аввалин ғалабаи мавсим ба ҳисоб меравад.
Дербии вилояти Суғд миёни дастаҳои “Хуҷанд” ва “Истаравшан” баргузор шуд. Бозии дастаҳо варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд доир шуда, бо ҳисоби 1 бар 0 ба суди “Уқобон”-и соҳили Сир хотима ёфт. Муаллифи ягона гол Файзиев аз ҳайати “Истаравшан” гардид, ки худголро ба қайд гирифт.
Дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд дастаҳои “Парвоз” ва “Регар-ТадАЗ” ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи “металургчиён”-и шаҳри Турсунзода хотима ёфт. Ягона голи ғалабаовар дар дақиқаи 51-уми бозӣ аз ҷониби Нозим Бобоҷонов ба самар расонида шуд. Бобоҷонов беҳтарин бозигари вохӯрии мазкур дониста шуд. Ин аввалин ғалабаи “Регар-ТадАЗ” дар мавсими нави Лигаи олӣ ба ҳисоб меравад.
Дастаи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор дар даври сеюм бо “Сардор”-и шаҳри Турсунзода ба ҳам омаданд. Вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Фархор доир шуда, бо ҳисоби 3 бар 2 ба фоидаи соҳибони майдон фарҷом ёфт. Аз ҳайати “Ҳосилот” Ҷозеф Акомади дар дақиқаҳои 35,68 ва Шарафҷон Солеҳо дар дақиқаи 24-ум голҳоро ба самар расониданд. Норбоев дар дақиқаи 3-юм ва Зокиров дар дақиқаи 40-ум муаллифи голҳои тими “Сардор” шуданд. Беҳтарин бозигари дидор Ҷозеф Акомади аз ҳайати “Ҳосилот” эътироф гардид. “Ҳосилот” пас аз се даври мусобиқа шикастнопазир буда, дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад. Барои “Сардор” бохти аввали мавсим ва аввалин бохт дар таърихи Лигаи олӣ ба ҳисоб меравад.
“Классико”-и футболи тоҷик миёни дастаҳои “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе ва “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бидуни гол хотима ёфт. Беҳтарин бозигари вохӯрӣ дарвозабони “Равшан” Ҳусниддини Маҳмадалӣ дониста шуд.
Дар шаҳри Душанбе дастаҳои “Барқчӣ” ва “Эсхата” ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир шуда, бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи “Эсхата” анҷом ёфт.
Аз ҳайати тими ғолиб голҳоро Абдусамад Самадов дар дақиқаи 54-ум ва Фирдавс Чақалов дар дақиқаи 90+10-ум ба самар расониданд. Ягона голи тими “Барқчӣ”-ро Фредрик Асанте дар дақиқаи 90+2-юм марбути номи хеш намуд. Фирдавс Чақалов беҳтарин бозигари дидор дониста шуд. Барои “Эсхата” зери роҳбарии Фаррух Марофиев ин аввалин ғалабаи мавсим ба ҳисоб меравад.
Пас аз анҷоми бозиҳои даври сеюм дастаи “Ҳосилот” бо 7 имтиёз дар зинаи аввал аст. “Хуҷанд” бо 7 имтиёз, “Вахш” бо 6 имтиёз ва “Истиқлол” бо 5 имтиёз чаҳоргонаи беҳтаринҳоро дар ҷадвали мусобиқа пур мекунанд. “Равшан” бо 2 имтиёз ва “Парвоз” бо 1 имтиёз дар таҳхонаи ҷадвали мусобиқа қарор доранд.

Тақвими бозиҳои даври 4-уми Лигаи олӣ
10 апрел | 17:00
КМВА – “Барқчӣ”
“Сардор” – “Хуҷанд”
11 апрел | 17:00
“Равшан” – “Эсхата”
“Регар-ТадАЗ”– “Ҳосилот”
12 апрел | 17:00
“Истаравшан” – “Вахш”
“Истиқлол” – “Парвоз”