“Ҳосилот” пешсафи Лигаи олӣ пас аз даври якум
Мавсими 35-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз гардид. Дар натиҷаи бозиҳои даври аввал тими “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор дар зинаи аввал қарор гирифт.
Бо бозӣ миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Равшан” мавсими нави футболи кишвар оғоз гардид. Бозии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуда, бидуни гол хотима ёфт. Беҳтарин бозигари вохӯрӣ Сайёди Ковусшо аз ҳайати “Равшан” дониста шуд.
Дар бозии дигари даври аввал дастаҳои “Ҳосилот” ва КМВА андари майдони рақобат шуданд. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир шуда, бо ҳисоби 3 бар 0 ба суди “Ҳосилот” анҷом ёфт. Шамсиддин Қосимов дар ин бозӣ муқобили собиқ дастааш ғалабаи боварибахш ба даст овард. КМВА бо мураббии испанияш Хуан Кортес мавсимро бо бохт оғоз намуд.
Голҳои дастаи “Ҳосилот”-ро Шарафҷон Солеҳов дар дақиқаҳои 12-ум, 53-юм аз зарбаи пеналтӣ ва Ҷозеф Акомади дар дақиқаи 46-ум ба самар расониданд. Солеҳов муаллифи аввалин голи мавсими нави футболи кишвар гардид. Шарафҷон Солеҳов беҳтарин бозигари вохӯрӣ низ шуд.
Дербии шаҳри Хуҷанд дар варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд миёни дастаҳои “Хуҷанд” ва “Эсхата” доир шуд. “Хуҷанд” бо ҳисоби 2 бар 0 бо дубли Парвизҷон Алиев пирӯзӣ ба даст овард. Шогирдони Милан Миланович бо ғалаба ва бо боварӣ мавсими навро оғоз намуданд. Фаррух Мурофиев муқобили собиқ дастааш ноком шуд. Парвизҷон Алиев беҳтарин бозигари дидор гардид.
“Сардор”-и шаҳри Турсунзода аввалин бозиашро дар Лигаи олӣ муқобили қаҳрамони феълии мусобиқа “Истиқлол” дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир кард. Вохӯрӣ бидуни гол хотима ёфт. Шогирдони Виталий Левченко аз дебютанти мусобиқа касби 3 имтиёз карда натавонистанд. Дарвозабони “Сардор”, ки куҳансолтарин бозигари мавсими имсолаи футболи кишвар аст, беҳтарин бозигари вохӯрӣ эътироф гардид.
Қаҳрамони Лигаи якуми футболи кишвар дар мавсими гузашта, “Парвоз”-и Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд бо “Истаравшан” дар варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд ба ҳам омаданд. Бозии дастаҳо бо натиҷаи мусовии 2 бар 2 хотима ёфт. Даниел Квеку ва Муҳсин Рустамзода голҳои “Парвоз” ва Марадона Сафаров бо Абдулфаттоҳ Худойдодзода голҳои “Истаравшан”-ро ба самар расониданд. Абдулфаттоҳ Худойдодзода голи бисёр ҳам зеборо дар ин вохӯрӣ зада, беҳтарин бозигари дидор шуд.
Дастаҳои “Вахш”-и Бохтар ва “Барқчӣ”-и Ҳисор дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе андари майдони рақобат шуданд. Вохӯрии дастаҳо бо ҳисоби 2 бар 0 ба суди “палангон”-и водии Вахш хотима ёфт. Бенҷамин Ампонса ва Константин Черний муаллифи голҳои “Вахш” шуданд. Константин Черний аз ҳайати “Вахш” беҳтарин бозигари вохӯрӣ эътиоф гардид. Ҳамин тавр, бо ин ғалаба қасди нокомиҳои охирро “Вахш” аз “Барқчӣ” ситонид.
Пас аз анҷоми бозиҳои даври аввал “Ҳосилот” бо таносуби тӯбҳо дар зинаи аввал аст. “Вахш”, “Хуҷанд”, “Парвоз” ва “Истаравшан” панҷгонаи беҳтаринҳоро дар ҷадвали мусобиқа пур мекунанд.

Шарафҷон Солеҳов ва Парвизҷон Алиев бо 2 голи беҳтарин нишонзанҳои даври якуми Чемпионати Тоҷикистон мебошанд. Бозиҳои даври аввали Лигаи олиро дар варзишгоҳҳо 9 100 нафар мухлис аз наздик тамошо карданд. Бозии аз ҳама сермухлис ин дидори “Парвоз” ва “Истаравшан” буд, ки 3 600 нафар мухлис бозиро дар варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд тамошо карданд.
Ёдовар мешавем, ки мавсими нави футболи кишвар дар ду марҳила сурат гирифта, ҳар як даста бо ҳар рақиб ҳам дар хона ва ҳам дар сафар бозӣ мекунад. Дар натиҷа ҳар як бошгоҳ дар доираи чемпионат 22 бозӣ анҷом медиҳад.
Дастае, ки дар лигаи олии Тоҷикистон-2026 ҷойи охиринро мегирад, ба лигаи якум меафтад. Бошгоҳе, ки зинаи ёздаҳумро ишғол менамояд, бо дастаи дуюми лигаи якуми Тоҷикистон-2026 бозиҳои гузаришӣ доир мекунад. Қаҳрамони амалкунандаи мусобиқа тими “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад.
Бозиҳои даври дуюми Лигаи олӣ
13 март | 16:00
КМВА – “Хуҷанд”
“Сардор” - “Парвоз”
14 март | 16:00
“Эсхата” – “Вахш”
“Регар-ТадАЗ” – “Истиқлол”
15 март | 16:00
“Равшан” - “Барқчӣ”
“Истаравшан” - “Ҳосилот”