“ПСЖ” баҳри дифои қаҳрамонӣ то ба финали ЛЧ омад

 “ПСЖ” баҳри дифои қаҳрамонӣ то ба финали ЛЧ омад

Бозии ҷавобии марҳилаи нимниҳоии Лигаи чемпионҳо миёни дастаҳои “Бавария” ва “Пари Сен-Жермен” баргузор гардид. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Алянс- Арена”-и шаҳри Мюнхен доир шуда, бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфт.

Ҳисобро ҳамлагари парижиҳо Усмон Дембеле аллакай дар дақиқаи 3-юм боз кард. Хвича Кваратсхелия паси головарро анҷом дод. Дар лаҳзаҳои охири бозӣ, дар дақиқаи 90+4, форварди “Бавария” Ҳарри Кейн ҳисобро баробар намуд.

Бозии аввал миёни дастаҳо бо ҳисоби 5:4 ба фоидаи “Пари Сен-Жермен” анҷом ёфта буд. Ҳамин тавр, тими шаҳри Париж бо ҳисоби умумии 6:5 ғалаба карда, ба финали мусобиқа роҳ ёфт.

Дар финал “Пари Сен-Жермен” бо “Арсенал” рақобат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи чорякниҳоӣ “ПСЖ” бар “Ливерпул” бо ҳисоби умумии 4:0 ғалаба карда буд. “Бавария” бошад, аз ҳисоби ду бозӣ “Реал Мадрид”-ро бо ҳисоби 6:4 шикаст дод.

Қобили зикр аст, ки қаҳрамони феълии мусобиқа дастаи “Пари Сен-Жермен” мебошад, ки дар финал бо ҳисоби 5 бар 0 “Интер”-ро мағлуб карда буд.