«Реал» ба қаҳрамонӣ нафас ба нафас наздиктар мешавад

«Реал» ба қаҳрамонӣ нафас ба нафас наздиктар мешавад

Дар доираи рақобатҳои даври 35-уми Ла Лига дастаҳои “Реал Мадрид” ва “Алавес” байни ҳам рақобат карданд. Ин дидор дар варзишгоҳи ба номи “Алфредо ди Стефано” баргузор гардида бо ҳисоби 2-0 ба фоидаи дастаи “Реал Мадрид” ба анҷом расид.

Голи аввали бозиро дар дақиқаи 11-ум баъди вайрон шудани қоидаи бозӣ муқобили ҳимоятгар, Ферлан Менди дар ҷаримагоҳи “Алавес” Карим Бензема аз зарбаи пеналтӣ зад. Дар оғози қисмати дуюм бошад Марко Асенсио аз паси Карим Бензема истифода намуда ҳисобро 2-0 намуд. Акнун баъди ин ғалаба дастаи “Реал Мадрид” бо касби 80 хол дар ҷои якуми ҷадвали чемпионат меистад. “Алавес” бошад (35 хол) дар ҷои 17-уми ҷадвал қарор дорад.