“Рома” аввалин ғалабаашро дар Серияи А бодабдаба ҷашн гирифт

 “Рома” аввалин ғалабаашро дар Серияи А бодабдаба ҷашн гирифт

Дар доираи бозиҳои даври 4-уми Серияи А дастаҳои “Рома” ва “Эмполи” андари майдони рақобат гардиданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Олимпико” –и шаҳри Рим баргузор гардида, бо ҳисоби бузурги 7 бар 0 ба суди дастаи “Рома” анҷом ёфт.

Голҳоро аз ҳайати дастаи “Рома” – Пауло Дибала (ду маротиба), Ренату Санчес, Брайан Кристанте, Ромелу Лукаку, Ҷанлука Манчини ва Алберто Грасси (худгол) ба самар расониданд.

Бо ин ғалаба дастаи “Рома” бо касби 4 имтиёз ба зинаи 12-уми ҷадвали мусобиқа баромад. Дар се даври қаблӣ дастпарварони Жозе Моуринийо 2 бохт ва 1 мусовӣ доштанд ва пирӯзӣ бар “Эмполи” аввалин ғалабаи “Рома” дар мавсими имсолаи Серияи А маҳсуб мешавад. “Эмполи” то ҳол пас аз чаҳор даври мусобиқа ягон имтиёз дар ҳисоб надорад ва дар таҳхонаи ҷадвали мусобиқа маскан гирифтааст. “Интер” бо 12 имтиёз садрнишини ҷадвали мусобиқот мебошад.