“Соро компания” марҳилаи плей-оффи Суперлигаи Тоҷикистонро бо пирӯзӣ оғоз кард
Қаҳрамони феълии Тоҷикистон бошгоҳи «Соро компания» дар марҳилаи нимниҳоии Суперлигаи Тоҷикистон-2023 оид ба футзал бо дастаи «Амонатбонк» дидор анҷом дод.
Вохӯрии дастаҳо дар Маҷмааи Кумитаи андоз доир гардида, бо ҳисоби 6 бар 4 ба суди дастпарварони Пайрав Воҳидов хотима ёфт. Дар рақобати мазкур аз ҳайати бошгоҳи «Соро компания» легионери эронӣ - Муҳсин Муҳаммадзода ба задани ду гол муваффақ омад. Некрӯз Алимаҳмадов, Муҳаммад Раҷабов ва Муҳаммадҷон Шарипов як голӣ заданд. Аз ҳайати тими «Амонатбонк» Умед Кузиев ду гол зад. Фирӯз Сангов ва Фаридун Неъматов муаллифи як голӣ гардиданд.
Лозим ба ёдоварист, ки бозиҳои марҳилаи нимниҳоии Суперлигаи Тоҷикистон ду пирузии яке аз дастаҳоро дар бар мегирад. Қаҳрамони феълии Тоҷикистон бошгоҳи «Соро компания» ба ҳисоб меравад.
Дар рақобати дигари даври нимниҳоӣ дастаи «Истиқлол» бо ҳисоби 5 бар 2 «Истаравшан»-ро мағлуб кард.