“Спортинг” бори нахуст дар ҳафт сол “Порту”-ро шикаст дод

Бозии даври 14-уми чемпионати Португалия анҷом ёфт, ки дар он «Спортинг» тими «Порту»-ро қабул намуд. Вохӯрӣ дар шаҳри Лиссабон дар варзишгоҳи «Жозе Алваладе» доир шуда бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 2:0 хотима ёфт.
Дар ҳайати ғолибон Виктор Дёкереш ва Педру Гонсалвеш ба задани гол даст ёфтанд. Қобили қайд аст, ки «Порту» аз дақиқаи 51-ум баъди бозибадаршавии Пепе даҳнафара дар майдон буд.
Ҳамин тариқ, «Спортинг» ба дуюмин пирӯзии хеш дар се бозии ахир дар чемпионати Португалия даст ёфт. «Порту» дар навбати худ ба силсилаи иборат аз се бозии пирӯзиовари хеш нуқта гузошт.
Бояд қайд намуд, ки «Спортинг» бори нахуст дар ҳафт сол тавонист «Порту»-ро шикаст диҳад. То ин бегоҳ «Спортинг» «Порту»-ро соли 2016 мағлуб карда буд.
Дар бозии навбатӣ «Спортинг» муқобили «Портимоненсе» ба майдон омада, «Порту» бо «Шавиш» бозӣ мекунад. Вохӯриҳо мутаносибан рӯзҳои 29-ум ва 30-юми декабр доир мешаванд.