“Ҳулбук” ғолиби Лигаи якуми футболи Тоҷикистон
Дастаи “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ ғолиби Лигаи якум дар мавсими 2024 гардид.Ин аввалин қаҳрамонӣ барои тими ноҳияи Восеъ буд.
Дар 24 бозии мавсим «Ҳулбук» 62 имтиёз ба даст оварда, бо бартарии 2 имтиёз бар таъқибкунандаи наздиктарин “Парвоз” чемпиони мусобиқа шуд. Даста дар сурати гузаштан аз марҳилаи литсензиякунонии дастаҳо, дар мавсими оянда дар Лигаи олӣ ҳунарнамоӣ хоҳад кард.
Лигаи футболи Тоҷикистон рӯзҳои баргузории бозиҳои гузариширо миёни зинаи 11-уми Лигаи олӣ “Панҷшер” ва мақоми дуюми Лигаи якум “Парвоз” муайян кард. Бозии аввал санаи 3-юми декабр дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и Хуҷанд соати 14:00 баргузор мегардад. Бозии ҷавобӣ бошад рӯзи 7-уми декабр соати 13:30 доир мешавад.
Дастаи ғолиб аз ҳисоби ҷамъи ду дидор дар мавсими оянда дар Лигаи олӣ ҳунарнамоӣ хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки медалҳои нуқраи Лигаи якум насиби тими “Парвоз”-и шаҳри Хуҷанд ва медалҳои биринҷӣ насиби тими “Моҳир”-и ноҳияи Ёвон гардид.