Жереми Жаке ба “Ливерпул” гузариш мекунад
Бошгоҳи “Ливерпул” расман аз анҷоми трансфери ҳимоятгари марказии 20-солаи дастаи фаронсавии “Ренн” - Жереми Жаке хабар дод. Дар изҳороти хадамоти матбуотии бошгоҳ таъкид шудааст, ки ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд ва футболбоз пеш аз оғози мавсими 2026/2027 ба ҳайати “Ливерпул” ҳамроҳ хоҳад шуд.
Тибқи иттилоъ, гузариши Жаке ба “Ливерпул” бо шарти гирифтани иҷозатномаи корӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ амалӣ мегардад. Қаблан дар расонаҳо хабар дода шуда буд, ки роҳбарияти бошгоҳи “Ливерпул” розӣ шудааст барои ин трансфер маблағи муқарраршудаи 66,3 миллион евро пардохт намояд. Илова бар ин, то 5,7 миллион евро бонусҳо низ дар шартнома пешбинӣ шудаанд.
Дар мавсими ҷорӣ Жереми Жаке дар ҳайати “Ренн” дар ҳамаи мусобиқаҳо 19 бозӣ анҷом додааст. Ҳамчунин, ӯ 5 бозӣ дар ҳайати мунтахаби ҷавонони Фаронса анҷом додааст.