1 млрд евро «МС»-ро ба финали дер интизор бурд

1 млрд евро «МС»-ро ба финали дер интизор бурд

Ниҳоятан соҳибмулкони арабии дастаи «Манчестер Сити» худро каме бароҳат ҳис мекунанд, чаро ки онҳо тӯл беш аз 5 сол мешавад, ки зиёда аз 1 миллиард евро барои тай намудан ба ин марҳалаи ҳасос харҷ намудаанд. Дар рақобати ҷавобии даври ½ финалии Лигаи Қаҳрамонҳои Аврупо дастаи «Манчестер Сити» дар хонааш финалисти соли гузашта тими «Пари Сен-Жермен»-ро пазируфт. Дидори ин ду дастаи гаронбаҳо дар майдони “Иттиҳод”-и шаҳри «Манчестер Сити» баргузор шуда, бо натиҷаи 2:0 ба суди “шаҳриҳо” хотима ёфт. Мизбонон рақобатро фаъол оғоз намуда, ҳанӯз дар даҳаи оғози рақобат бо голи задаи ниммуҳофизатгари алҷазоирӣ Рияд Маҳрез ба пеш баромаданд. Бо ҳамин натиҷа пайти аввали дидор хотима ёфт. Дар дақиқаи 63-ум бошад, боз Рияд Маҳрез голи дуюми дастаашро ба нишон расонида, «Манчестер Сити»-ро бори аввал дар таърихаш ба финали Лигаи Қаҳрамонҳои Аврупо бурд. Ногуфта намонад, ки бозии аввали дастаҳо дар Париж бо натиҷаи 2:1 ба фоидаи шогирдони Хосеп хотима ёфта буд. Акнун аз рӯи натиҷаи ду бозӣ «Манчестер Сити» бо бартарии 4:1 пирӯз шуда, чиптаи финалиро соҳиб шуд. Хотиррасон мекунем, ки «Манчестер Сити» дар финал бо ғолиби ҷуфти “Челси” ва “Реал” (бозии аввал бо натиҷаи мусовии 1:1 хотима ёфта буд) вомехурад.

Лигаи чемпионҳо. Даври ½ финал. Бозии ҷавобӣ

«Манчестер Сити» (Англия) — «ПСЖ» (Фаронса) — 2:0 (1:0)

Голҳо: Маҳрез, 11 (1:0). Маҳрез, 63 (2:0).

«Манчестер Сити» (Англия): Эдерсон, Фернандинйю, Уокер, Стоунс, Зинченко, Рубен Диаш, Гюндоган, Кевин Де Брёйне (Стерлинг, 82), Фоуден (Агуэро, 85), Маҳрез, Бернарду Силва (Габриэл Жезус, 82).

«ПСЖ» (Фаронса): Навас, Флоренси (Дагба, 75), Маркинйос, Кимпембе, Диалло (Баккер, 83), Эррера (Дракслер, 62), Верратти, Паредес (Данилу Перейра, 75), Ди Мария, Неймар, Икарди (Кин, 62).