10 750 чиптаи бозии Тоҷикистон ва Урдун ба фурӯш рафтааст

То имрӯз 10 ҳазору 750 чиптаи бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон – Урдун, ки рӯзи 16-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад, фурӯхта шудааст. Дар ин бора дафтари матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Он ҷо гуфта мешавад, ки “Бо назардошти зиёд будани шумораи мухлисон, тавсия медиҳем, ки ҳарчӣ зудтар чиптаҳоро харидорӣ кунед. Чипатаҳоро аз хазинаи Варзишгоҳи марказии Душанбе дастрас карда метавонед. Нархи онҳо аз 20 сомонӣ сар мешавад. Барои маълумоти бештар лутфан ба рақами 917954646 муроҷиат намоед ” –омадааст, дар иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Қобили зикр аст, ки вохӯрии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Урдун рӯзи 16-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 18:00 оғоз мегардад.
Ёдовар мешавем, бегоҳии дирӯз, 13-уми ноябр ҳайати тими миллии Урдун барои баргузории бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» бо мунтахаби Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе омад.
Ҳамчунин, пагоҳ рӯзи 15 ноябр дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе соати 11:00 нишасти хабарии пеш аз бозӣ баргузор мешавад. Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Петр Сегрт ва сарвони тими миллӣ Аҳтам Назаров ба саволҳои рӯзноманигорон посух хоҳанд дод. Дар нишасти матбуотӣ аз ҷониби яккачини Урдун сармураббӣ Ҳусейн Аммут ва яке аз бозигарон ширкат мекунанд.
Бозии аввали даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдунро ҳайати доварон аз Ироқ ҳакамӣ мекунад. Довари марказии вохӯрӣ довари 46-солаи ФИФА Алӣ Сабоҳ Аддай Ал-Қаисӣ таъйин шуд. Дар майдон ба ӯ ҳамватанонаш – ёварони довари ФИФА Ҳайдар Абдулҳасан Алӣ Убайдӣ ва Амир Довуд Ҳусейн Ал-Виндавӣ кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётиро Зайд Темур Муҳаммад иҷро мекунад. Саъд Ал-Фадҳлӣ аз Кувайт кори доваронро назорат карда, Юн Мун Чуен аз Ҳонгконг комиссари бозӣ таъйин гардиданд.