10 мунтахаб ба даври плей-оффи Ҷоми Ҷаҳон роҳ ёфт!

10 мунтахаб ба даври плей-оффи Ҷоми Ҷаҳон роҳ ёфт!

Бар асоси натоиҷи бозиҳои рӯзи чоршанбеи 30-юми  ноябр, Фаронса ва Австралия ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 аз гурӯҳи “D”  роҳ ёфтанд. Ба чаҳоргонаи “C”  Аргентина ва Полша пайравӣ карданд.

Дастаҳои дар боло зикршуда,  ба шаш даста, ки низ аз гурӯҳҳо пеш рафта буданд, ҳамроҳ шуданд. Инҳо Бразилия, Португалия, Нидерланд, Сенегал, Англия ва ИМА мебошанд.

Ҳамчунин нисфи ҷуфтҳои 1/8 ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 аллакай муайян шудаанд.

Нидерланд  бо ИМА, Аргентина бо  Австралия, Англия бо  Сенегал ва Фаронса бо  Полша бозӣ мекунанд.