10 варзишгари беҳтарини сол аз нигоҳи АЖРВТ
Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) даҳ варзишгари беҳтарини соли 2023-ро эълон кард.
Ба иттилои раиси АЖРВТ Нарзулло Латипов, бар асоси натиҷагирии назархоҳии хабарнигорони риштаи варзиш ба даҳгонаи беҳтарини сол намояндагони се намуд – бокс, ҷудо ва кураш дохил шуданд.
Баҳодур Усмонов (бокс) – барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон дар Тошканд ва ғолиби “Шоми бокс” дар Душанбе беҳтарин варзишгари сол гардид. Ба даҳгона Сомон Маҳмадбеков (ҷудо) - барандаи медали тиллои Бозиҳои 19-уми Осиё дар Ҳангжоуи Чин дар вазни то 81 кг, ғолиби Гранд-слами Остона ва Гран-прии Душанбе, барандаи медали биринҷии Гранд-слами Тошканд; Давлат Болтаев (бокс) – барандаи медали тиллои Бозиҳои 19-уми Осиё дар Ҳангжоуи Чин, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Париж-2024, ғолиби “Шоми бокс” дар Душанбе; Темур Раҳимов (ҷудо) – барандаи медали нуқраи Бозиҳои 19-уми Осиё дар Ҳангжоуи Чин, медали нуқраи «Hungary Masters-2023” дар Будапешти Венгрия, медалҳои нуқраи Гранд-слами Остона ва Гран-прии Душанбе; Миҷгона Самадова(бокс) - барандаи медали биринҷии Бозиҳои 19-уми Осиё дар Ҳангжоуи Чин, соҳиби аввалин роҳхат ба Олимпиадаи Париж-2024; Беҳрӯзи Хоҷазода (ҷудо) – барандаи медали биринҷии Бозиҳои 19-уми Осиё дар Ҳангжоуи Чин, медалҳои нуқраи «Hungary Masters-2023” дар Будапешт ва Гран-прии Душанбе; Хайрандеш Муродзода (кураш) – барандаи медали биринҷии Бозиҳои 19-уми Осиё дар Ҳангжоуи Чин, медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон дар Ашқободи Туркманистон; Эмомалӣ Нуралӣ (ҷудо) – барандаи медали тиллои Гранд-слами Тошканд; Абубакр Шеров (ҷудо) – барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон дар Одивеласи Португал, медали нуқраи Чемпионати Осиё миёни ҷавонон дар Тошканд ва Фариноз Абдуллоева (бокс) – барандаи медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон миёни наврасон дар Еревани Арманистон, медали биринҷии Чемпионати Осиё миёни наврасон Остонаи Қазоқистон ворид шуданд.
- Бояд гуфт, ки медали биринҷии Баҳодур Усмонов дар Чемпионати ҷаҳонии бокс натиҷаи беҳтарини варзиши тоҷик дар соли 2023 дар риштаҳои олимпӣ мебошад. Бинобар ин, ӯ барои ин дастовардаш беҳтарин варзишгари Тоҷикистон дар соли 2023 эътироф гардид. Инчунин Миҷгона Самадова, ки дар риштаи бокс барандаи медали биринҷии Бозиҳои 19-уми Осиё шуда, дар байни варзишгарони тоҷик соҳиби аввалин роҳхат ба Олимпиадаи Париж-2024 гардид, беҳтарин варзишгари сол дар миёни бонувон маҳсуб мешавад”, - иброз дошт Нарзулло Латипов.
