100 миллион доллар барои “реванш”-и Ҳабиб ва Конор

100 миллион доллар барои “реванш”-и Ҳабиб ва Конор

Абдулманап Нурмагомедов, падар ва мураббии қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмагомедов, шарти асосии баргузоркунии разми ниқорситониро (ревашн) бо Конор Макгрегор эълон кард.
“Ба мо ҳам “ревашн” бо Конор зарур аст, аммо ба шарте, ки 100 миллион доллар диҳанд. Як рӯз пас аз рақобат бо Фергюсон ба мо ин маблағро диҳед ва мо ба “ревашн” омодаем. 
Намедонам, аммо ба ҳар ҳол Дэйна Уайт омодааст, ки шарти моро қабул кунад, зеро ӯ бисёр мехоҳад, ки ин рақобат баргузор шавад”, - мегӯяд падари Ҳабиб.
Хотиррасон мекунем, ки қаблан президенти UFC Дэйна Уайт хабар дод, ки рақиби навбатии Конор - Ҳабиб Нурмагомедов хоҳад буд.