100 сол пеш аввалин Бозиҳои олимпии зимистона баргузор шуда буд

Расо 100 сол пеш, 25-уми январи соли 1924 аввалин Бозиҳои зимистонаи олимпӣ баргузор шуда буд. Мусобиқа аз 25-уми январ то 5 –уми феврали соли 1924 дар шаҳри Шамони Фаронса таҳти васояти Комитети байналхалқии олимпӣ барпо гардид.
Дар аввал бозиҳо «Ҳафтаи варзиши зимистона» ном доштанд. Дар соли 1921 Комитети байналхалкии олимпй (КБК) дар бораи гузарондани «Ҳафтаи варзиши зимистона» қарор кабул кард, ки он бояд соли 1924 дар Шамони Фаронса гузаронда шавад. Соли 1926 дар сессияи 25-уми Комитети байналхалкии олимпӣ дар Лиссабон ин мусобиқа номи якуми Бозиҳои олимпии зимистона дода шуд.
Дар аввал ҳама шубҳа доштанд, ки оё гузарондани «Ҳафтаи варзиши зимистона» меарзад. Дар бораи макони баргузории он баҳсҳои хеле тӯлонӣ буданд. Президенти вақти КБО - Пйер де Кубертен тавонист ба зарурати баргузории Бозиҳои зимистонаи олимпӣ итминон диҳад. Дар давоми солҳои 1921-1922 ӯ ба таъсиси комиссия оид ба ташкили Бозиҳои зимистона ноил гардид, ки ба ҳайати он намояндагони Шветсия, Фаронса, Норвегия, Швейтсария ва Канада шомил буданд ва сипас дар соли 1924 дар бораи гузаронидани «Ҳафтаи варзиши зимистона» бо воситаи пешбурди бозихои VIII тобистонаи олимпии оянда дар Париж исрор намуд.
Ба гуфтаи Кубертен, бозиҳо мебоист як мусобиқаи намоишӣ дар намудҳои ғайриолимпии варзиш бошанд. Барои ба кадри кофӣ пурра кардани барномаи бозиҳо аз барномаи олимпии Бозиҳои VIII тобистонаи олимпии Париж хоккей ва яхмолакбозй бароварда шуд.
Ба муносибати Бозиҳои олимпӣ дар Шамон чор плакат тайёр карда шуд. Дар плакат уқобе тасвир шудааст, ки дар пасманзари манзараи кӯҳистонӣ гулчанбарҳои олимпиро бардоштааст ва варзишгарон дар чана.
Дар ин бозиҳо 258 варзишгар аз 16 кишвар (Норвегия, Италия, ИМА, Финландия, Австрия, Швейтсария, Канада, Британияи Кабир, Шветсия, Фаронса ва Белгия) ширкат доштанд, ки 247 нафарашон мардон ва 11 нафарашон занон буданд. Дар 9 намуди варзиш 16 маҷмӯи мукофотҳо бозӣ карда шуданд.
Маросими пӯшидашавии Бозиҳои олимпӣ 5-уми феврали соли 1924 дар варзишгоҳи Олимпӣ баргузор шуд. Дар он ҳамаи 16 мамлакати иштироккунанда, ки барои ширкат кардан дар Бозиҳои Шамони ариза дода буданд, ҳузур доштанд. Баъди саф оростани иштирокчиён дар варзишгоҳи олимпӣ президенти КБО - Пйер де Кубертен зикр кард:
«Ман аз номи Кумитаи байналмилалии олимпӣ шараф дорам, ки ба мақомоти мунисипалитети Шамони, Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпӣ, инчунин созмондиҳандагони мусобиқа эҳтиром баён кунам, эътирофи мо, баста шудани зимистонро эълон мекунам. Бозиҳо дар арафаи олимпиадаи VIII».
Ҳамин тавр, «Ҳафтаи байналхалқии вазишӣ ба муносибати Бозиҳои VIII тобистонаи олимпӣ», ки бори аввал омада буд, расман ба барномаи бозихои олимпӣ дохил карда шуд. Дар Бозиҳои олимпӣ дар маҷмӯъ 10004 нафар тамошобинон ҳузур доштанд.