100 варзишгари тоҷик дар Бозиҳои Осиёи дар Ҳангжоу ширкат мекунанд

100 варзишгари тоҷик дар Бозиҳои Осиёи дар Ҳангжоу ширкат мекунанд
Тоҷикистон барои нахустин бор дар таърихи худ дар Бозиҳои тобистонаи Осиёи дар Ҳангжоуи Чин беш аз 100 варзишгарро сафарбар мекунад.

Варзишгарони тоҷик аз 40 риштаи варзиши дар барномаи Бозиҳои Осиёи, ки рӯзи 23-юми сентябр оғоз мешавад, дар 18 намуди варзиш ширкат хоҳанд кард. Дар ин бора ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров хабар додааст.
Аксари Федератсияҳои Тоҷикистон аллакай ҳайати дастаҳои мунтахаби кишварро оид ба риштаҳои худ, аз ҷумла ҷудо, бокс, ҷиу-ҷитсу ва ғайра эълон кардаанд.

Ба ин тартиб, ба ҳайати мунтахаби бокси Тоҷикистон 13 варзишгар шомил шуд, ки ин бори аввал аст, ки даста ба Бозиҳои осиёӣ бо маҷмӯи пурра – дар ҳамаи 13 вазн меравад.

Ба гуфтаи Дилшод Назаров, дар охирин бозиҳое, ки соли 2018 дар Индонезия баргузор шуда буд, варзишгарони Тоҷикистон 7 медал, яке аз онҳо нуқра ба даст овардаанд.

"Аз сабаби омодагии нокифоя ман он вақт тиллоро аз даст додам", ба ёд овард чемпиони олимпӣ. Умедворам, ки ин дафъа варзишгарони мо медалҳои бештар, аз ҷумла медалҳои тилло ба даст меоранд.”

Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон ба баромади муваффақиятноки муштзанон, ҷудокорон ва гӯштингирон умед мебандад. Гап дар сари он аст, ки дар ин федератсияшо варзишгароне ҳастанд, ки дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ натиҷаҳои баланд ба даст овардаанд.
Варзишгарони тоҷик аз риштаҳои шиноварӣ, варзиши сабук, камонварӣ, қаиқронӣ ва каноэ, ҷиу-ҷитсу, таэквондо WT, каратэ-до, ушу, кураш, тирандозӣ, волейболи соҳилӣ, теннис ва тенниси рӯи миз низ дар Бозиҳои Осиёи дар Ҳангжоу баромад мекунанд.
Барои нахустин бор дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон оид ба киберспорт ва брейк данс дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мешаванд.

Бозиҳои Осиёии соли 2023 дар шаҳри Ҳангжоуи Чин аз 23-юми сентябр то 8-уми октябр баргузор мешавад. Дар ин мусобиқаи бонуфузи Осиёи 481 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 40 намуди варзиш ба роҳ монда шудааст.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, барои иштирок дар Бозиҳои XIX Осиё аз ҷониби 45 кумитаи миллии олимпӣ - аъзои Шӯрои олимпии қора ба кумитаи тадорукоти бозиҳо дархост пешниҳод шудааст.

Ба барномаи бозиҳо 40 навъи варзиш (28 намуди олимпӣ ва 12 намуди ғайриолимпӣ) дохил аст. Бояд гуфт, ки дар ин бозиҳо бори аввал оид ба киберварзиш ва брейк-данс мусобиқот баргузор мешавад.

Иштироки варзишгарони тоҷик ба ҷуз аз ҷудо, дар риштаҳои бокс, варзиши сабук, куштии озод ва юнонию румӣ, вазнабардорӣ, шиноварӣ, камонварӣ, тирандозӣ, таэквондо, каратэ, кураш ва шоҳмот дар назар аст.

Мусобиқаҳо дар 54 майдони варзишӣ дар Ҳангжоу ва 5 шаҳри музофоти Чжетсзян - Нинбо, Вэнчжоу, Сзинхуа, Шаосине ва Ҳучжоу доир мегарданд.

Зимнан, Бозиҳои XIX Осиё дар Ҳангжоу бояд аз 10-ум то 25-уми сентябри соли 2022 баргузор мешуданд, аммо бо сабаби афзоиши ҳолатҳои сироят аз COVID-19-и навъи «Омикрон», қарор шуд, ки он то тирамоҳи имсол мавқуф гузошта шавад. Ин тасмим аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё гирифта шуд.

Бозиҳои Осиё шурӯъ аз соли 1951 ҳар чор сол таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё баргузор мешаванд. Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо ширкат варзида, то ин дам 27 медал ба даст овардааст, ки 4-тоаш нишони тилло, 6-тоаш нуқра ва 17-тоаш биринҷӣ мебошад.