11 голи дигар ба Антуан Гризманн лозим аст то рекорди нав гузорад
Ҳамлагари фаронсавии дастаи «Атлетико Мадрид» - Антуан Гризманн дар бозӣ бо «Селта Виго» хет-трик кард. Гризманн дар ҳайати дастаи шаҳри Мадрид ҳоло 162 гол дорад ва ба рекорд наздик аст.
Рекорди голзании тим ба Луис Арагонес рост меояд. Бозингари собиқи даста 172 гол дар ҳисоб дорад. Дар ҷои дуюм Адриан Эскудеро бо 169 гол қарор гирифт. Гризманн бояд 10 гол занад, то ба Арагонес баробар шавад ва барои беҳтарин дар таърихи тим шудан ҳоло ба ӯ 11 гол лозим аст.
Антуан Гризманн дар мавсими имсолаи Ла Лига дар ҳайати дастаи “Атлетико Мадрид” 7 гол ба самар расонида, дар феҳристи беҳтарин нишонзанҳо дар ҷои дуюм аст. Дар ҷои аввал Ҷуд Беллингем аз ҳайати “Реал Мадрид” бо 8 гол ва 2 ирсоли головар мавқеъ гирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки дастаи “Атлетико Мадрид” ҳоло пас аз даври 10-уми Ла Лига бо касби 22 имтиёз дар зинаи 4-уми ҷадвали мусобиқот маскан гирифтааст. «Барселона» бо 24 имтиёз дар зинаи сеюм аст. «Реал Мадрид» бо 25 имтиёз садрнишини ҷадвали мусобиқот мебошад.