11 муштзани тоҷик ба даври нимниҳоии Чемпионати Осиё миёни наврасон ва мактаббачаҳо роҳ ёфтанд

 11 муштзани тоҷик  ба даври нимниҳоии Чемпионати Осиё миёни наврасон ва мактаббачаҳо роҳ ёфтанд
Пас аз 6 рӯзи рақобатҳо дар Чемпионати Осиё миёни наврасон ва мактаббачаҳо дар шаҳри Ал-Айни АМА ҳама ҷуфтҳои марҳилаи нимниҳоӣ муайян шуданд.

11 муштзан аз Тоҷикистон ҳунарнамоиро дар марҳилаи нимниҳоӣ идома медиҳанд ва аллакай мо 11 медал дорем, пас аз рақобатҳо муайян мешавад, ки ин медалҳо биринҷӣ, нуқра ва ё тилло аст. 

Миёни мактаббачаҳо Анӯшервон Сидиқов (33 кг),  Дилшод Сиҷаев (35 кг),  Фирӯзҷон Бойматов (37 кг)  Акбарҷон Абдуллоев (58 кг) ба  марҳилаи нимниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Миёни наврасон  Билолҷон  Иксанов (54 кг) , Амирбек Маҳрамов (48 кг), Абубакр Азизов (57 кг), Сорбон Нурализода (66 кг),  Умарҷон Асроров (63 кг) миёни писарон ва Фариноз Абдуллоева (54 кг) бо Мино Аъзамзода (60 кг) миёни духтарҳо ба даври нимниҳоӣ баромаданд.

Ёдовар мешавем, ки дар чемпионат миёни мактаббачагон 149 варзишгар аз 24 давлати қора + 13 нафар аз мунтахаби Украина ва миёни наврасон 80 варзишгари 24 давлати қора + 13 нафар аз мунтахаби Украина ширкат доранд.

Қобили зикр аст, ки Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати мукаммал иборат аз 27 нафар (14 муштзан миёни мактаббачаҳо ва 13 муштзан миёни наврасон)-ро ба мусобиқаи мазкур сафарбар гардонидааст.