12 иштирокчии марҳилаи плей-оффи ЛЧ муайян шуд
Бозиҳои даври панҷуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳои Аврупо ба поён расиданд. 12 даста пеш аз муҳлат роҳхати даври плей-оффро соҳиб шуд. То пурра пур шудани ҳамаи ҷойҳои плей-оффи Лигаи Чемпионҳо ҳамагӣ 4 ҷой боқӣ мондааст, ки дар даври охир муайян хоҳад шуд.
Ҳоло дастаҳои “Манчестер Сити”, “Лейптсиг”, “Бавария”, “Реал Мадрид”, “Реал Сосйедад”, “Интер”, “Боруссия”-и Дортмунд, “Латсио”, “Барселона” , “Атлетико Мадрид”, “Арсенал” ва “ПСВ” ба даври ҳазфӣ роҳ ёфтанд.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври охири марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо рӯзҳои 13-ум ва 14-уми декабр доир мегардад.
