12 медали муштзанони навраси тоҷик дар шаҳри Алмаато

Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба бокс байни наврасону ҷавонон таҳти шиори «Бокс бар зидди нашъамандӣ» ба анҷом расид. Дар мусобиқа муштзанҳои ҷавон аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Русия иштирок карданд.
Дар мусобиқаи мазкур Тоҷикистонро 13 муштзан муаррифӣ зери роҳнамоии мураббӣ Саидхоҷа Мамуров роҳнамоӣ карданд. Ҳабиб Марадасейнов ба ҳайси довар дар ин мусобиқа кор кард.
Пас аз натиҷаи рақобатҳо ба 8 муштзани навраси мо Анӯшервон Сидиқов (35 кг), Дилшод Сиҷаев (37 кг), Ҷалолхон Қосимов (43 кг), Муҳаммадюсуф Шокиров (43 кг), Дамир Назаров (46 кг), Аъзамҷон Ҳасанов (48 кг), Демян Андриан (49 кг) ва Беҳрӯз Умаров (50 кг) муяссар шуд, ки бо мағлуб кардани рақибон соҳиби нишони тилло шаванд. Ҳадис Ғафуров (55 кг) , Беҳрӯз Охунов (48 кг), Самир Назаров (44 кг) ва Шоҳрух Носиров (+70 кг) ба гирифтани медали биринҷӣ ноил гардиданд.
Муштзани дигари мо Муҳаммадсолеҳ Қодиров (40 кг) дар даври аввал мағлуб шуда, аз идомаи рақобатҳо бенасиб монда буд.
ТВ "Варзиш"