12 медали ҷудокорони тоҷик дар Ҷоми кушоди Осиё миёни наврасон ва ҷавонон дар шаҳри Тошканд

12 медали ҷудокорони тоҷик дар Ҷоми кушоди Осиё миёни наврасон ва ҷавонон дар шаҳри Тошканд

Дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон Ҷоми кушоди Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон ва ҷавонон ба анҷом расид. Мусобиқа аз 28-ум то 31-уми май баргузор шуда, ҷудокорони тоҷик ба гирифтани 12 медал, аз ҷумла, 1 тилло, 6 нуқра ва 5 биринҷӣ ноил шуданд.

Тоҷикистон дар мусобиқа миёни наврасон 97 ҷудокор намояндагӣ карда, ба гирифтани 5 медал ноил шуданд. Муҳаммаданис Солеҳов (-55 кг), Исомиддин Қосимов (-60 кг), Райҳона Розиқзода (-52 кг) сазовори медалҳои нуқра , Армон Сафаров (-60 кг) бо Шамил Исмоилов (-66 кг) сазовори медалҳои биринҷӣ шуданд.

Миёни ҷавонон Тоҷикистонро 107 ҷудокор муаррифӣ намуда, ба гирифтани 7 медал ноил шуданд. Александра Кан (-57 кг) сазовори медали тилло, Ардашери Ҳамза (-90 кг), Исмоил Бурҳонов (-100 кг) сазовори медалҳои нуқра ва Мадина Қурбонзода (-52 кг), Ёсин Бобокалонов (-66 кг) , Муҳаммадрофеи Ҳабибулло (-66 кг), Панҷшер Муъминов (-90 кг) сазовори медалҳои биринҷӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи наврасон 660 ҷудокори 11 кишвари қора ҳунарнамоӣ карданд. Миёни ҷавонон 503 ҷудокор аз 12 кишвари қора ширкат варзиданд.