12-уми июн рӯзи таърихӣ барои футболи Испания

12-уми июн рӯзи таърихӣ барои футболи Испания

Дар Испания ба варзишгарон иҷозат доданд, ки тамринҳои худро шуруъ намоянд. Дар пайи ин дастур дастаҳои шомили Ла Лига бозиҳои худро аз 12 июн бидуни даъвати мухлисон ба варзишгоҳ идома медиҳанд. Имкони идомаи бозиҳои Ла Лига мавҷуд аст ва нақшаҳоро пешниҳод кардааст. Тавре гуфта мешавад, тамоми бозиҳои Чемпионати Испания танҳо дар 4 варзишгоҳ гузаронида мешавад. Шуруъ аз 4-уми май дастаҳо ба тамрингоҳҳои худ баргаштанд, аммо ситоди кормандон ва ҳатто мураббиён дар варзишгоҳҳо кам карда мешавад. Шуруъ аз 18-уми май машқҳои даставӣ оғоз шуданд, ки дар майдон 6 нафар тамринро якҷоя мегузаронанд ва дар сурати беҳтар шудани ҳолат аз 25-уми май шумораи бозигарон дар тамрин ба 8 адад расонида мешавад. Марҳилаи омодагии асосӣ аз 1-уми июн расман оғоз мешавад. Бозиҳо рӯзи 12-уми июн бо рақобати дастаҳои «Реал Бетис» — «Севиля» оғоз мешаванд.

То ба ҳол 27 даври чемпионати Испания баргузор гардидааст. Бо 58 имтиёз «Барселона» пешсаф аст. «Реал» аз рақиби асосии худ ду имтиёз камтар дорад.