13 медали варзишгарони тоҷик дар 2-юмин Бозиҳои ИДМ дар Беларус
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 2-юмин Бозиҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо касби 13 медал (1 тило, 3 нуқра, 9 биринҷӣ) мақоми ҳаштумро миёни 22 кишвари ширкаткунанда гирифт. Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур 132 варзишгар аз 13 намуди варзиш муаррифӣ карданд.
Ягона нишони тиллоро барои Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур Меҳроҷ Суфиҷонов зери вазни то 48 кг ба даст овард. Муштазани тоҷик Меҳроҷ Суфиҷонов дар марҳилаи ниҳоӣ варзишгари қирғиз Зафарбек Комиловро мағлуб кард. Ҳамчунин Анӯшервон Фозилов, муштзани дигари тоҷик дар вазни 51 кг дар ин рӯз соҳиби медали нуқра шуд.
Қабл аз ин аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи муштзанӣ Ҳангома Исоева миёни духтарон дар вазни то 57 кило, миёни писарон Бузургмеҳр Иксанов (-54 кг), Рустамҷон Ашӯров (-67 кг), Акмалҷон Абдувалиев (-86 кг) ва Руслан Федорин (-92 кг) дар рақобатҳо соҳиби медали биринҷӣ шуда буданд.
Дар баробари ин дар бозиҳои варзишии мазкур ҷудокори тоҷик Лоиқ Қутбиддинов дар вазни то 55 кило медали нуқра дарёфт карда, Мадина Қурбонзода дар вазни то 48 кило мақоми севумро касб кард.
Дар сабқати гӯштини тарзи озод Мустафо Аҳмадов дар вазни то 70 кило ва Сомонҷон Икромов дар вазни то 79 кило ҳар ду медали биринҷӣ ба даст оварданд. Як медали биринҷии дигарро барои мунтахаби Тоҷикистон Асламҷон Азизов дар риштаи гӯштини юнону румӣ дар вазни то 60 кило соҳиб шуд.
Дар рӯзи охири мусобиқа варзишгари тоҷик Деваштич Убайдӣ барандаи медали нуқра аз риштаи самбо шуд. Деваштич дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа бо сабаби шикастани қабурғааш натавонист барои медали тилло мубориза барад. Ин сеюмин медали нуқраи Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур маҳсуб мешавад.
Ба ин тартиб Тоҷикистон бо гирифтани 13 медал дар 2-юмин Бозиҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Беларус дар мақоми ҳаштум қарор гирифт.
Дар садри ҷадвал рӯи шумораи медалҳо аввал Русия (288 медал), баъдан Беларус (236 медал) ва Ӯзбекистон (106 медал) қарор гирифтаанд.
Бояд гуфт, ки 2-юмин Бозиҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 4 то 13-уми август дар 11 шаҳри Беларус бо ҳузури 2200 варзишвар аз 22 кишвари ҷаҳон баргузор шуд.
Дар маросими анҷоми бозиҳо Беларус эстафетаи Бозиҳои кишварҳои узви ИДМ-ро ба Озарбойҷон супурд. Ҳамин тариқ 3-юмин бозиҳои ИДМ соли 2025 дар шаҳри Ганҷа баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки 2-юмин Бозиҳои ИДМ аз 4 то 14 август дар шаҳри Мински кишвари Беларус баргузор гардид. Мусобиқаи мазкур аз рӯи 20 намуди варзиш баргузор ҷараён гирифт.
