13 ҷудокори тоҷик дар Чемпионати Осиё-2026 иштирок мекунанд

13 ҷудокори тоҷик дар Чемпионати Осиё-2026  иштирок мекунанд

Дар шаҳри Ордоси Ҷумҳурии Мардумии Чин Чемпионати Осиё оид ба ҷудо рӯзҳои 16-18-уми апрели соли 2026 баргузор мегардад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 13 варзишгар (9 мард ва 4 зан) дохиланд. Инҳо Меҳрзод Суфиев дар вазни то 60 кг, Обид Ҷебов ва Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кг, Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кг, Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 81 кг, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода ва Шодмон Ризоев дар вазни то 90 кг ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг (байни мардон) ва Аҳлия Муъминова дар вазни то 48 кг, Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кг, Александра Кан дар вазни то 57 кг ва Виктория Киселёва дар вазни +78 кг (байни занон) мебошанд.

Барои иштирок дар мусобиқаи инфиродии Чемпионати Осиё дар Ҷумҳурии Мардумии Чин 83 варзишгар (49 мард ва 34 зан) аз 10 давлат номнавис шуданд. Дар ин мусобиқа варзишгарон барои 14 маҷмуи медалҳо (7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон) талош мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷудои Осиё, ки моҳи апрели соли гузашта дар шаҳри Бангкоки Тайланд баргузор шуда буд, 7 медал (2 нуқра ва 5 биринҷӣ) ба даст оварда буданд. Медалҳои нуқраро Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг ва Темур Раҳимов дар вазни +100 кг ба даст оварда буданд.