15-уми май бахшида ба рӯзи “Ҷавонон” дар сартосари кишвар дави миллӣ баргузор мегардад

15-уми май бахшида ба рӯзи “Ҷавонон” дар сартосари кишвар дави миллӣ баргузор мегардад

15-уми май бахшида ба рӯзи “Ҷавонон” –и Тоҷикистон  дар шаҳри Душанбе дави миллӣ баргузор мешавад.  Ин мусобиқа  дар саросари кишвар чун анъанана ҳамасола гузаронида мешвад.  Бино ба маълумоти Кумита, дар ин дави миллӣ иштироки аз 300 то 400 ҳазор нафар дар назар аст.

Ҳадафи аслии ин чорабиниро Кумита таблиғи тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстиву бародарӣ миёни наврасону ҷавонон маҳсуб шуда, ҳамасола  ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май таҷлил мегардад, гузаронида мешавад.

Дар Душанбе иштирокчиёни чорабинӣ соати 8:00 аз мавзеи “Чорбоғ” дар ноҳияи Варзоб ба давидан оғоз намуда, соати 11:00 дар назди маҷмааи МД “Наврӯзгоҳ” ба нуқтаи ниҳоӣ  мерасанд. Дар шаҳри Душанбе эҳтимоли ширкати 20 ҳазор нафар дар назар аст. Ҳамчунин ҳамаи хоҳишмандон метавонанд дар ин мусобиқа иштирок намоянд.

Ёдовар мешавем , ки Рӯзи дави миллӣ дар Тоҷикистон бо ташаббуси президенти мамлакат аз соли 2005 дар рӯзи якшанбеи сеюми моҳи май дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар доир мегардад.

Қобили зикр аст, ки соли 2006 дар дави миллӣ ба масофаи 3 километр сарвари давлат ва аъзои ҳукумати кишвар иштирок карда буданд.