150 млн евро дар 5 сол. Ваъдаи нави “ПСЖ” ба Неймар

150 млн евро дар 5 сол. Ваъдаи нави “ПСЖ” ба Неймар

Неймар ниҳоятан ба хулосае омад, ки 5 соли дигар дар "Пари Сен-Жермен" -и Фаронса бимонад. Созишномаи нав бо ҳамлагари бразилӣ то соли 2026 амал мекунад. Тибқи созишномаҳо футболбоз солона 30 миллион евро мегирад, яъне дар муддати 5 сол ӯ 150 миллион евро ба даст меорад. “ПСЖ” рӯзҳои наздик расман имзои шартномаи навро бо ин футболбози 29-сола эълон хоҳад кард.