16 иштирокчии Ҷоми Осиё-2026 миёни дастаҳои то 17 сола дар Арабистони Саудӣ маълум шуданд
Наврасони Тоҷикистон бо шарофати натиҷаи охир ва роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2025 бидуни иштирок дар бозиҳои интихобӣ вориди ин мусобиқа мешаванд.
16 иштирокчии Ҷоми Осиё-2026 миёни дастаҳои то 17 сола дар Арабистони Саудӣ маълум шуданд. Дастаҳои Арабистони Саудӣ, Қатар, Ӯзбекистон, Кореяи Ҷанубӣ, Кореяи Шимолӣ, Ҷопон, Индонезия, АМА, Тоҷикистон, Чин, Яман, Ветнам, Ҳиндустон, Австралия, Тайланд ва Мянмар роҳхатро ба даст оварданд.
Ҷоми Осиё-2026 миёни дастаҳои то 17 солаҳо аз 7 то 24 майи соли 2026 доир мешаванд.
Соли оянда дар Ҷоми Осиё-2026 (U-17) дастаи навдаъвати Тоҷикистон зери роҳбарии Далер Каёсов ширкат меварзад.