16-уми феврал дар Душанбе “Шоми Бокс” баргузор мегардад

Дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии Душанбе рӯзи 16-уми феврал таҳти унвони “Шоми чемпионҳои IBA” мусобиқаи бокси касбӣ баргузор мешавад. Дар ин бора Федератсияи бокси Тоҷикистон хабар додааст.
Рақобати асосӣ байни намояндаи Русия Шарофутдин Атаев бо Алфонсо Домингес аз Озарбойҷон барои камарбанди IBA дар вазни -86 кг сурат мегирад. Дар ин рақобат ба ғолиб 350 ҳазор доллар ва ба мағлуб 150 ҳазор доллар мукофотпулӣ тақдим мешавад.
Муҳорибаҳои дигари шоми бокс миёни муштзани тоҷик Шавкатҷон Раҳимов бо Эдуардо Нунеси мексикоӣ барои дарёфти унвони чемпионӣ аз рӯи версияи IBF дар вазни 58,9 кг ва байни муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов ва Ҷавид Чалабийев аз Озарбойҷон дар вазни 63,5 кг барои дарёфти унвони чемпиони Осиё доир мегарданд.
Муштзани амрикоӣ Рой Ҷонс ва президенти IBA Умар Кремлёв - меҳмони фахрии «Шоми Бокс» дар шаҳри Душанбе хоҳанд буд.
Ёдовар мешавем, ки чиптаҳоро Шумо метавонед, ки дар сомонаҳои @echipta.tj ва @ticketontj ба таври онлайн харидорӣ намоед. Ҳамчунин, дар маркази савдои «Сиёма мол», «Ашан» ва "Садбарг» шаҳри Душанбе чиптаҳоро дастрас намоед.
Телефон барои тамом +992918838827
«Шоми Бокс» 16-уми феврал соати 19:00 дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Рақобатҳои «Шоми Бокс»
Вазни 67 кг
Саидов Шамшер (Тоҷикистон) – Сулайманбек Уулу Акжол (Қирғизистон)
Вазни 57 кг
Убайдов Акмал (Тоҷикистон) – Серикбай Ассюлжан (Қазоқистон)
Вазни 63,5 кг
Баҳодур Усмонов (Тоҷикистон) – Ҷавид Чалабийев (Озарбойҷон)
Вазни 57 кг
Мирзокарим Мирзохалилов (Ӯзбекистон) – Родригуез Окана Луис (Мексика)
Вазни 58,9 кг
Раҳимов Шавкатҷон (Тоҷикистон) – Эдуардо Нунйес (Мексика)
Вазни 86 кг
Шарабутдин Атаев (Русия) – Алфонсо Домингуез Лорен (Озарбойҷон)