17 бардошт аз бузургтарин мусоҳибаи Месси

17 бардошт аз бузургтарин мусоҳибаи Месси

Лионел Месси ба эфири радиои каталонӣ ва телевизиони RAC1 ташриф оварда,аз муносибати хеш бо “Барса” сухан кард.

Аз сабаби андозҳо метавонист, ки аз “Барселона” равад,аммо мехоҳад,ки инҷо хатми маснади варзишӣ намояд 

 “Замонҳое буданд,ки ман бо вуҷуди сабабҳои муайян худро пурра афсурдаҳол ҳис менамудам. Ман мушкилотҳои муайяне бо хадамоти андозӣ доштам,хусусан миёни солҳои 2013-2014.
Ин даврон барои ман ва оилаам даврони мушкиле буд. Одамон намедонанд,ки он вақт чӣ рух дода буд. Бароям чунин ҳолат бори нахуст буд ва аз ин рӯ ниҳоят мушкил буд. Хуб аст,ки он вақт фарзандам хурд буд ва ҳеҷ чизро намедонист. Айнан ҳамон вақт ман ниятҳои аз Испания рафтанро андеша менамудам. Ман вариантҳои зиёде доштам,аммо пешниҳодҳои конкретӣ набуд. Аммо ин фикрҳо на барои он пайдо мешуданд,ки ман “Барса”-ро тарк намудан мехостам,балки барои он  ҳолате,ки ба амал омада буд.

Ва чизи асосӣ бароям-инҷо мондан аст. Ман ҳама вақт дар ин бора фикр менамудам ва ҳеҷ чиз таъғир наёфт. Ман мехоҳам дар “Барселона” хатми маснади варзишӣ намоям ва ин назаррас аст. Ин на танҳо эҳсосотҳои ман нисбати бошгоҳ аст, балки чун як оила аст. Ман намехоҳам,ки дустии фарзандонамро вайрон кунам. Вақти зиндагонии ман ҳам расид. Мо метавонем ҳама вақт инҷо зиндагӣ кунем.
Ман ҳама вақт орзуи баргашт ба «Нюэллс Олд Бойз»-ро доштам. Футболи аргентинӣ ба кулли аз футболи ҷаҳони боқимонда фарқ дорад,аммо баъзан бояд, ки оиларо афзалтар донист.
Ман вазъи худро ҳар сол баҳогузорӣ мекунам-фикр мекунам,ки оё ман метавонам маснади варзишиямро идома диҳам. Ман аллакай дар синну соле ҳастам,ки бо умри худ ҳисобу китобро сар мекунӣ. Ин чизи мантиқӣ аст,аммо боре ман хоҳам дарк намуд,ки ба таври бояду шояд ҳаракат карда наметавонам. Аммо айни ҳол ман метавонам ва ман мехоҳам мусобиқа кунам”.

Ба Месси маъқул нест,ки ӯро Худо мегӯянд. Фарзанди чорсолаи Лео-тролл аст

 “Маро ин хавотир намекунад,аммо ба ман ин чиз маъқул нест. Ман бо изҳори эҳтиром ба ин чизҳо муносибат дорам: мардумон инро бе ягон андешаи бадӣ мегӯянд,аммо ин зиёдаравист. Бо вуҷуди ин фарзандонам ҳамаи чизро мешунаванду  такрор мекунанд. Барояшон шунидану такрор намудани ин ҷизҳо на он қадар хуб аст. 
Фарзанди  миёнааам Маттео ғазаболуд кардани бародари калонияш  Тиагоро хеле нағз мебинад, -масалан ӯ аз голҳои “Реал” бо овози баланд ҷашн мегирад, то Тиагоро асабонӣ кунад. Вақте мо футболбозӣ мекунем,ҳама вақт ӯ мегуяд,ки -дастаест,ки мо навакак аз он мағлуб шудем: масалан,  “Ливерпул” пас аз ниманиҳоии Лигаи Қаҳрамонҳо ё ки “Валенсия” пас аз финали Ҷом.
Ва боз,вақте Маттео рафтори бад мекунад ва ман ӯро дар кунҷи хона мемонам-ӯ аз онҷо гурехта бо садои баланд дод мезанад: “Туби кунҷӣ фавран иҷро шуд! Ориги!”.

Дар мавриди трансферҳо: фикр мекардам,ки Неймар ба “Реал” мегузарад,  Гризманн нағз вориди даста шуд

 “Дар “Барселона” бозӣ намудан осон нест. Ҳар нафаре,ки дар фалсафаи “Барса” рушд накардааст ва методҳои онро намефаҳмад, барояш мутобиқ шудан мушкил аст. Гризманн бозӣ намудан бо усули дигарро одат кардааст,аммо мо шубҳа накардем,ки ӯ ба даста унс мегирад,чаро ки ӯ бозингари закӣ аст. Дар мавриде, ки гӯё ман ман  хостори дидани ӯ дар  даста нашудаам,ин ҳақиқат надорад. Чӣ тавре ман гуфтам,ӯ яке аз бозингарони беҳтарини дунё аст ва мо мехоҳем,ки чунин футболбозонро дар даста бубинем. Ман ягон ҳисси нороҳатиро эҳсос накардаам.

Маҳз аз ҳамин лиҳоз ман Неймарро ҳам дар даста дидан мехостам. Ӯяке аз беҳтарин бозингарони олам аст. Агар мо бо ӯ   имзои қарордод менамудем, имкониятҳои пирузшавии мо дар ҳамаи мусобиқаҳо афзунтар мешуд.  Ман мефаҳмам,ки журналистон пештар аз ҳама ба дигар чизҳо нигаристанд-ба оне,ки ӯ чӣ тавр аз даста рафт ва ин воқеан мантиқӣ аст. Аммо ман мехостам,ки ӯро дар ҳайат бубинам,агар дар мавриди ҷузъиётҳои варзишии ин масъала  ҳарф занем.   
Оё Неймар аз рафтанаш афсус  мехурад? Ӯро дониста-фикр мекунам,ҳа. Ман воқеан андеша намудам, дар равзанаи тобистонаи трансферӣ Неймар агар ба тими мо гузариш накунад, ба “Реал” мегузарад. Ӯ ҳақиқатан ҳам хостори аз “ПСЖ” рафтанро дошт, таннафусҳо мехост ва фикр менамуд,ки Флорентино Перес барои имзокунии қарордод бо ӯ чорае меандешад. Ва ман фикр дорам,ки имконияти гузариши Неймар ба “Реал” ё ки “Барса” дар соли оянда ҳам то ҳол ҳифз карда мешавад”.

Дар хусуси таъсири бозингарон ба роҳбарият: бо Бартомеу пас аз бохт аз “Ливерпул” ҳарф назадам

“Пике-инсони хеле закиву рӯирост аст. Ӯ дар мавриди чизе,ки фикр мекунад ва таъсиротҳои он рӯирост ҳарф мезанад. Ӯ росткор аст ва талош мекунад,ки рӯирост гап  занад . Ӯ инсони нағз ва шодмон аст.
Ман намедонам,ки пас аз бозӣ бо “Хетафе” ӯ чӣ гуфтааст (дар бораи журналистоне,ки тариқи фармоиш менависанд). Ӯ ба касе чизеро нафаҳмонидааст ва ба ман ҳамчунин. Мо ҳама медонем,ки чӣ рух дода истодааст, аммо ман он маврид чунин кор намекардам,он лаҳзае набуд,ки чунин андеша баён намоӣ. Албатта мо дар бошгоҳ ягон чизеро муайян намекунем. Ин чандинбораҳо исбот шудааст. Ман бисёр вақтҳо мешунавам,ки гӯё ман ҳал мекунам, ки кадом бозингарро бихарему кадомеро фурӯшем ва кӣ мураббӣ мешавад. Лозим аст,ки бо чунин вазъ зиндагӣ карданро аз худ кунем. Ҳа, бо мо маслиҳатпурсӣ намуда буданд,замоне ки Гризманнро харидорӣ карданд, мо андешаи худро баён доштем,ки ӯ вориди даста шуда метавонад. Мо баҳри беҳбудии даст ҳарф мезанем,вале қарор қабул намекунем.
Бо Бартомеу мо пас аз бохт аз “Ливерпул” ҳарф назадем. Маро ин чиз хавотир намекунад. Аммо агар лозим шавад,мо бидуни ягон мушкилот гуфтугӯ хоҳем кард”.

Мехостам,ки Криш дар Испания мемонд, аммо “Реал” ҳамоно пурқувват аст

“Ман мехостам,ки Криштиану дар “Реал” мемонд,чаро ки ӯ ҷиҳати мусбии Ла Лига, классико ва муборизаҳо буд.

“Реал” беҳтар хоҳад шуд, дар ин тим бозингарони нағзе ҳастанд. Албатта барояшон Криштиану намерасад, набудани ӯ барои дилхоҳ эҳсос мешуд”.

Ба Валверде бовар дорад ва дар бораи “Тубҳои тиллоӣ” андеша намекунад 

 “Ман дар мавриди рекорд аз рӯи “Тубҳои тиллоӣ” фикр намекунам ва ба ин чиз мутамарказ  нестам. Руҳафтода намешавам,агар ғолиб нашавам (дар навбати оянда). Ман дар хонаам осорхонаи ҷоизаҳоро дорам. Гирифтани яктои дигар мақбули дилам хоҳад буд,аммо дурнамои ман ҷоизаҳои даставӣ аст. Чизе,ки маро ҳақиқатан рӯҳафтода мекунад: мо Лигаи Қаҳрамонҳоро ғолиб нашудем.
Мо бо Валверде  пас аз “Ливерпул” ҳарф задем. Ин мағлубият иштибоҳи мо буд.Чунин тавр набояд,ки рух диҳад,асосан пас аз камбэки “Рома”. Аммо  мо дар бораи он бозӣ андеша намудем ва бо сар доднаи ҳар як гол ҳама чиз бадтар мешуд. Ин иштибоҳи мураббӣ набуд. Мо хушҳол шудем,ки ӯ  дар даста монд. Бошгоҳ чунин тавр қарор дод ва мо чунинро хоста будем.
Фикр дорам, “Барса” метавонист пирузиҳои бештареро дар Лигаи Қаҳрамонҳо соҳиб шавад,аммо фикр кардан як ҳасту, чизи реалӣ-тамоман чизи дигар. Мо натавонистем бозии арзанда нишон диҳем. Муттаасифона мо дар Лигаи Қаҳрамонҳо ба таври кофӣ дар муддатҳои тулонӣ пируз нашудаем”.
Мессии беҳтарин замони Гвардиола буд ва голи беҳтаринаш-дар финали лигаи Қаҳрамонҳо бар муқобили “МЮ” мебошад 
“Ҳар сол ман ба таври максималӣ неруямро ба кор мебарам. Аммо фикр мекунам даврони Гвардиола куллан дигар буд. Ман чун бозингар рушд намуда будам. Беҳтарин лаҳзаи маснади варзиширо гуфтан душвор аст, ман чунин давраҳоро дар муддатҳои мухталифи ҳаёт паси сар намудаам. Шояд даврони Гвардиола бароям беҳтарин буд: ҳамчун бозингар ва ҳам дар маҷмуъ. Ӯ беҳтарин мураббӣ дар Аврупо аст. Луис Энрике ҳам дар наздикии ҳамин росто мебошад. Беҳтарин голи худамро бошад ман ба дарвозаи “МЮ” дар финали Лигаи Қаҳрамонҳо бо сар задам.

Аён буд,ки бароямон бидуни Хави ва Инйеста мушкил мешавад. Онҳо ивазнашавандаанд. Мо дорои 90 фоизи нигоҳдошти туб будем,мо тубро дар давоми панҷ сония бармегардонидем. Мо медонистем, ки моро чӣ интизор аст, мо дорои нимҳимоятгарони хубе будем, аммо Хави ва Инйеста  универсалиянд. Аз ин рӯ мо каме система ва фалсафаи дастаро иваз намудем, барои он ки пас аз рафтанашон ҳама чиз хуб кор кунад.
Ба назарам Хави-мураббӣ ба Гвардиола хеле ҳам шабоҳат хоҳад дошт   ва ба роҳи ӯ хоҳад рафт. Аммо намедонам дар “Барса” ба мисли бозингар ӯ маро дарёб карда метавонад. Ӯ айни ҳол чун мураббӣ такмили маҳорат намуда истодааст.

Ҳарифи аз ҳама пурқуввате,ки ман бо он бозӣ намудаам-ин мунтахаби Испания-2010 мебошад. Мо бозии рафиқонае доштем, вақте моро Марадона тамрин медод. Онҳо маро ба ваҷд оварданд. Бозии онҳо ба ман ёдоварӣ аз кори “Барса” намуд-ҳимоя аз ҳисоби нигоҳдошти туб”.

ВАР маъқул аст, аммо то ҳол онро нодуруст истифода мебаранд 

“Ба ман ВАР маъқул аст,ман тарафдор ҳастам, аммо дар истифодаи ин технология лаҳзаҳои норушане ҳастанд ва система то ҳол ба таври беҳтар истифода намешавад. ВАР пайдо шуд,вале гуногунии андешаҳо то ҳол мавҷуданд. Вале дар ҳақиқат ВАР лозим аст,барои аз байн бурдани кулли шубҳаҳо-аммо то ҳол чунин нест”.