18 голи беҷавоби Австралия дар Ҷоми Осиё-2022

18 голи беҷавоби Австралия дар Ҷоми Осиё-2022

Дар бозии даври якуми бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2022 миёни бонувон,ки дар ин рӯзҳо дар кишвари Ҳиндустон идома дорад, мунтахаби бонувони Австралия дар гурӯҳи В яккачини Индонезияро қабул намуда, бераҳмона ба дарвозааш 18 голи беҷавоб зад.

Панҷ голи ин дидорро Саманта Керр ба самар расонида, ҳаққи муаллифии се голи дигар бошад ба Эмили ван Эгмонд таалуқ дорад. Хейли Расо, Тамека Батт ва Кайя Саймон ду голӣ дар ин бозӣ ба самар расонида, Кейтлин Фурт, Эйли Карпентер ва Айви Луйк якголӣ ба дарвозаи Индонезия равон намуданд.


Дар умум бошад австралиявиҳо 42 зарба ҷониби дарвозаи ҳариф зада, 25 зарбаашон рости дарвоза расидааст.