2 медали ҷудокорони тоҷик дар рӯзи дуюми Чемпионати Осиё

2 медали ҷудокорони тоҷик дар рӯзи дуюми Чемпионати Осиё

Рӯзи дуюми Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар соли 2026 дар шаҳри Ордоси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба анҷом расид. Дар рӯзи дуюми мусобиқа рақобатҳо дар вазнҳои 73 , 81 кг миёни мардон ва 57, 63, 70 кг миёни бонувон баргузор шуданд. Тоҷикистонро дар рӯзи дуюми мусобиқа Муҳиддин Асадуллоев, Абдуллои Ориф, Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода ва Александра Кан муаррифӣ карда, ба гирифтани 2 медал ноил шуданд.

Паҳлавони ҷавони тоҷик Муҳиддин Асадуллоев медали тиллоро дар вазни то 73 кг соҳиб шуд. Дар роҳи расидан ба финал, Муҳиддин рақибони пурқувватро пай дар пай мағлуб кард. Ӯ аввал бар намояндаи Қирғизистон -Нурмуҳаммад Бакирдинов пирӯз шуда, сипас ҷудокори Кореяи Шимолӣ Но Сок Бормро шикаст дод. Дар марҳилаи нимниҳоӣ Муҳиддин бар намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Ли Эункюл низ дастболо гардид.

Дар рақобати ниҳоӣ паҳлавони тоҷик бо намояндаи Амороти Муттаҳидаи Араб - Маҳмадбек Маҳмадбеков қувваозмоӣ кард. Муҳиддин дар ин сабқат то ба охир мубориза бурда, дар вақти тиллоӣ дастболо гардид ва бори аввал қаҳрамони Осиё шуд.

Паҳлавони дигари тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг ба гирифтани медали нуқра дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо ноил шуд.

Маҳмадбеков дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм Шинебайар Оюнчимеги муғулро шикаст дода, дар даври чаҳорякниҳоӣ бар Гаджидовуд Гасанови баҳрайнӣ ғолиб омад.

Дар марҳилаи нимниҳоӣ Сомон ғалабаро бар намояндаи АМА- Гаджимурод Умаров ба даст оварда, дар финал мағлуби Адилет Алмати қазоқ шуд ва соҳиби нишони нуқра гардид.

Ҷудокори дигари тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода мақоми панҷумро дар вазни то 81 кг ишғол намуд. Беҳрӯз имрӯз дар даври аввал Ли Квок Винг аз Ҳонконгро мағлуб карда, дар даври чаҳорякниҳоӣ бар Муродҷон Юлдошеви ӯзбек зафар ёфт.

Дар марҳилаи нимниҳоӣ Беҳрӯз аз ҷудокори қазоқ Алмат Адилет мағлуб шуда, дар рақобат барои медали биринҷӣ аз Гаджидовуд Гасанови баҳрайнӣ мувоҷеҳи шикаст шуд ва мақоми панҷумро касб намуд.

Паҳлавони дигари мо Абдуллои Ориф мақоми панҷумро дар вазни то 73 кг касб намуд. Абдулло рақобатро дар даври дуюм оғоз карда, ғалабаро бар намояндаи Макао - Чен Ҳаоженг ба даст оварда, дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ аз намояндаи Кореяи Ҷанубӣ - Эункюл Ли шикаст хӯрд ва ба марҳилаи тасаллобахш рафт.

Дар марҳилаи тасаллобахш, Абдулло бар Но Сок Борм аз Кореяи Шимолӣ ғолиб омада, дар мубориза барои нишони биринҷӣ аз намояндаи АМА - Казбек Нагучев шикаст хӯрд ва мақоми панҷумро ишғол намуд.

Ҳамчунин, ҷудокорбонуи тоҷик Александра Кан дар вазни 57 кг дар рақобати аввал аз Нан Ванги мизбон мувоҷеҳи шикаст шуда, аз идомаи рақобатҳо бенасиб монд.

Қобили зикр аст, ки дар рӯзи якуми мусобиқа паҳлавони тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кг ба гирифтани медали тилло ноил шуда буд. Медали тиллои Муҳиддин Асадуллоев барои Тоҷикистон дуюмин дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар соли 2026 дар шаҳри Ордоси Чин маҳсуб мешавад.

Ҳамчунин, паҳлавонҳои дигари тоҷик дар мусобиқаи мазкур Обид Ҷебов (-66 кг) бо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) медалҳои нуқра ва Мадина Қурбонзода (-52 кг) медали биринҷӣ гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар шаҳри Ордоси Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 16-ум то 18-уми апрел идома меёбад. Дар мусобиқа 197 ҷудокор аз 19 кишвари қора иштирок доранд. Тоҷикистонро 13 ҷудокор дар ин мусобиқа муаррифӣ доранд.