2 медали варзишгарони тоҷик дар рӯзи якуми Чемпионати Осиё оид ба самбо дар Ӯзбекистон

Дар рӯзи аввали Чемпионати Осиё оид ба самбо миёни наврасон, ҷавонон, калонсолон ва нобиноён, ки 14-уми апрел дар Тошканди Ӯзбекистон оғоз шуд, варзишгарони мо ду медал гирифтанд.
Варзишгарони мо Шоҳрух Назаров (-79 кг) миёни нобиноён медали тилло, Холид Толибзода (-88 кг) дар самбои размӣ миёни калонсолон медали нуқра ба даст оварданд.
Шоҳрух Назаров дар вазни то 79 кг дар рақобати аввал бар Явкаш Абдувоитов аз Ӯзбекистон ғалаба карда, дар финал бар Нурбол Абдуллоев аз Қазоқистон музаффарият ба даст оварда, медали гирифт.
Холид Толибзода дар вазни то 88 кг даври чаҳорякниҳоӣ бо ҳисоби 8 бар 0 муқобили Танирбергин Тергеубеков аз Қазоқистон ва дар даври нимниҳоӣ бо ҳисоби 6 бар 0 муқобили Бектен Уулу Еркебай аз Қирғизистон ғалаба карда, дар даври финал аз Соҳибҷон Хасанбоеви ӯзбек бо ҳисоби 8 бар 0 мағлуб шуд.
Имрӯз, ду варзишгари дигари мо дар самбои варзишӣ ба финал баромаданд. Деваштич Устопириён (-79 кг) дар финал бо Шаҳриёр Каримов аз Ӯзбекистон ва Зафар Олимшоев (-88 кг) дар финал бо Фаррух Мамадҷонов аз Қирғизистон нерӯсанҷӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Осиё оид ба самбо миёни наврасон, ҷавонон, калонсолон ва нобиноён аз 14-ум то 20-уми апрел дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон баргузор мешавад. Тоҷикистонро 50 варзишгар намояндагӣ доранд.
ТВ "Варзиш"