2 нуқра ва 1 биринҷии ҷудокорони тоҷик дар рӯзи якуми Чемпионати Осиё оид ба ҷудо миёни ҷавонон дар Тошканд

2 нуқра ва 1 биринҷии ҷудокорони тоҷик дар рӯзи якуми  Чемпионати Осиё оид ба ҷудо  миёни ҷавонон дар Тошканд

Пас аз анҷоми рақобатҳо миёни наврасон, ки ҷудокорони мо ба гирифтани се нишони тилло даст ёфтанд, рақобатҳо миёни ҷудокорони ҷавон дар шаҳри Тошканд дирӯз оғоз шуд. Тоҷикистонро Мадина Қурбонзода (-52 кг), Аҳлия Муминова (-52 кг), Умар Шеров (-60 кг), Муқтадири Бобоҷон (-66 кг), Набии Нуралӣ (-66 кг), Сунатулло Мусоев (-73 кг) ва Абубакр Шеров (-73 кг) муаррифӣ карданд.

Дар вазни то 73 кг Абубакр Шеров медали нуқра ва Сунатулло Мусоев ба гирифтани медали биринҷӣ даст ёфтанд. Аҳлия Муминова дар вазни то 52 кг соҳиби нишони нуқраи мусобиқаи мазкур шуд.

Дар вазни то 73 кг мо наздик буд, ки шоҳиди финали тоҷикона шавем, лек Сунатулло Мусоев дар як рақобати сахту сангин ва тӯлонӣ аз Адилет Алмати қазоқ ноком шуд ва барои нишони биринҷӣ бар Субҳон Ғомӣ аз Эрон музаффарият ба даст овард.

Абубакр Шеров дар ин вазн ҳама рақибонро аз садди роҳ дур карда, ба финал баромад ва бо Ҳоҷиакбар Тошев аз Ӯзбекистон гӯштин гирифта, ноком шуд ва ба гирифтани нишони нуқра даст ёфт.

Ҷудокорбонуи тоҷик Аҳлия Муминова дар вазни то 52 кг беҳамто буд ва ба финал баромад. Дар финал баҳри нишони тилло Аҳлия бо Гулҳаё Ҷӯраеваи ӯзбек нерӯсанҷӣ карда, ноком шуд ва ба гирифтани нишони нуқра даст ёфт.

Паҳлавони дигари тоҷик Умар Шеров (-60 кг) дар даври тасаллобахш ноком шуд ва мақоми 7-умро соҳиб шуд. Муқтадири Бобоҷон (-66 кг) мақоми 7-умро соҳиб шуд. Набии Нуралӣ дар ҳамин вазн дар даври аввал ноком шуд.

Мадина Қурбонзода (-48 кг) пас баромад миёни наврасон ҳунару маҳорати худро дар рақобат бо ҷавонон ҳам санҷид, лек дар даври аввал мағлуб шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар ду рӯзи рақобатҳо миёни наврасон ҷудокорони мо ба гирифтани се нишони тилло Лоиқ Қутбуддинов (-55 кг), Ёсин Бобокалонов (-60 кг) ва Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг) мушарраф гардиданд.