2 рекорди таърихии Агуэро дар 1 бозӣ

2 рекорди таърихии Агуэро дар 1 бозӣ

Дар бозии даври 22-юми Лигаи бартари Англия “Манчестер Сити” дар меҳмонӣ “Астон Вилла”-ро бо ҳисоби 6:1 торумор кард. Дар ҳайати “шаҳриҳо” Серхио Агуэро муаллифи хет-трик шуд. Бо задани 3 гол Агуэро яку якбора 2 рекорди нав гузошт. Ҳамлагари аргентинӣ бо задани 177 гол дар 255 вохӯрӣ беҳтарин нишонзани хориҷӣ дар таърихи Премйер-Лига шуд. Серхио аз Тйерри Анрии фаронсавӣ, ки дар ҳисоби худ 175 гол дошт ва то ин дам дар ин радабандӣ пешсаф буд, пеш гузашт.
Ҳамчунин Агуэро аз рӯи шумораи хет-трикҳо дар Премйер-Лига рекорд гузошт. Бо 12 хет-трик Агуэро аз Алан Ширер (11 хет-трик) пеш гузашт. 
Дар мавсими ҷории чемпионати Англия ҳамлагари 31-сола 16 бозӣ карда, 13 гол задааст.