2 ҷудокор Тоҷикистонро дар Zagreb Grand Prix 2023 намояндагӣ мекунанд

2 ҷудокор Тоҷикистонро  дар Zagreb Grand Prix 2023 намояндагӣ мекунанд

Аз 18-ум то 20-уми август ҷудокорони қора дар мусобиқаи байналмилалии Zagreb Grand Prix 2023 дар Хорватия ба масофи ҳам меоянд. Мусобиқа дар шаҳри Загреб ҷараён гирифта, дар он 561 ҷудокор, 339 мард ва 222 зан аз 88 кишвари дунё, аз рӯи 7 вазн барои ба даст овардани нишонҳои фахрӣ қувваозмоӣ мекунанд. Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ ғолибон дар ҳамаи вазнҳо 3000 евро, барандагони медали нуқра 2000 евро ва барандагони медали биринҷӣ 1000 евро қадрдонӣ мешаванд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи фароқоравӣ мебоист 5 нафар Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг), Меҳрзод Суфиев (-60кг), Обид Ҷебов (-66 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) намояндагӣ мекарданд, лек бо сабаби мушкили раводид, танҳо ду нафар Обид Ҷебов ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар мусобиқа ширкат меварзанд.

Маросими қуръакашии мусобиқа рӯзи 17-уми август баргузор мегардад. Ҷараёни сабқатҳоро МД ТВ “Варзиш” ба таври мустақим манзури ҳаводорон мегардонад.

Барномаи мусобиқа:

18 август

Бонувон: -48кг, -52кг, -57кг

Мардҳо: -60кг, -66кг

19 август

Бонувон: -63кг, -70кг

Мардҳо: -73кг, -81кг

20 август

Бонувон: -78кг, +78кг

Мардҳо: -90кг, -100кг, +100кг